Оё хизмати расондадиҳӣ( доставка) хавфнок аст?

Оё хизмати расондадиҳӣ( доставка) хавфнок аст?


Тавре, ки хабар дода шуд, бо иштироки Саринспектори давлатии назоратии Санитарию эпидемологӣ дар штаби назди АОКА брифинг гузаронда шуд.
Ба саволи оё ходимони хизмати расондадиҳӣ маҳсулоти фурӯшӣ, ошпазҳо, фармасевтҳо ва соҳаҳои дигар аз тести бемории Сovid-19 гузаштаанд? — Нурмат Отабеков чунин ҷавоб дод. ,,Ходимони хизмати расондадиҳӣ монанди таом, маҳсулот ва ғайраҳо аз тести Covid 19 намегузаранд. Онҳо фақат дар расондадиҳии маҳсулот ба талаботу қоидаҳои бехавфӣ бояд амал кунанд. Яъне пӯшидани ниқоб, дастпӯшакҳои резинӣ, масофаи байниякдигарӣ ҳатман риоя кунанд. Ҳарорати ҳаррӯзаи ходимонро аз назар гузаронда мешавад ва агар аломатҳои шамолхӯрӣ пайдо шавад ба кор ҷалб карда намешавад».
Манбаъ: Zarnews

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ