Аввалин хабари хуш аз Маркази мутобиқкунии хайрияҳои сарпарастӣ

Аввалин хабари хуш аз Маркази мутобиқкунии хайрияҳои сарпарастӣ

  • Post category:Ҷаҳон

Мо дирӯз дар бораи ташкил шудани ин марказ хабар дода будам. Имрӯз бошад, вакилони он ба мо хабари хуши аввалинро расонданд. Дар давоми рӯз ба ин ҷо бисёр одамоне, ки нияти дастгирии одамони мӯҳтоҷро доранд, муроҷиат карданд. Аз онҳо С. Усмонов барои оилаҳои камбизоат аз ҳисоби худ 2,5 млн. сӯм пул дод. Ба ин кори хайр, инчунин ҷамоаҳои ҶММ «Геолог»- 10млн.сӯм, идораи нозироти андози ноҳияҳои Пахтачӣ-950 ҳазор сӯм ва Тайлоқ-1млн. 140 ҳазор сӯм, ҶММ «Ҳудудгаз Самарқанд»- 10 млн. сӯм, прокуратураи вилоят -200 млн.сӯм ҳисса ҳамроҳ карданд.
Хулоса, то ҳол ба Марказ 225 млн. 667 ҳазор сӯм гузаронда шуд.
Хотиррасон мекунем, ки агар шумо низ ба гурӯҳи аз ҷиҳати иҷтимоӣ ба ҳимоя мӯҳтоҷ ёрӣ расондан хоҳед, ба нишонии зерини Марказ муроҷиат кунед:
Шаҳри Самарқанд, кӯчаи Гагарин, хонаи 85В. Бинои маҷмӯи тайёрнамоии захираҳои олимпии Самарқанд.
Телефонҳо:
+998-98-888-18-91
+998-93-357-48-88
+998-95-410-36-03

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ