Созмони умумҷаҳонии тандурустӣ: Барои одамони солим пӯшидани ниқоб муҳим нест

Созмони умумҷаҳонии тандурустӣ: Барои одамони солим пӯшидани ниқоб муҳим нест

  • Post category:Саломатӣ


Пӯшидани ниқоб аз ҷониби одамони солим талаб карда намешавад ва он наметавонад кафолати муҳофизат аз COVID-19 бошад. Дар ин бора ба «РИА Новости» намояндаи расмии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тарик Язаревич хабар дода, паҳнкунии ниқобҳои худсохт ва ниқобҳои аз ҷониби тарроҳон омодашударо шарҳ додааст. 
«Мавқеи мо бетағйир мондааст. Барои одамони солим пӯшидани  ниқоб муҳим нест. Он шахсоне, ки нишонаҳои беморӣ дар он онҳо вуҷуд дорад, барои муҳофизат кардани дигарон бояд ниқоб пӯшанд. Инчунин одамоне, ки дар хонаҳояшон беморонро нигоҳубин мекунанд, бояд ниқоб пӯшанд, зеро онҳо метавонанд сироят ёбанд»,- гуфт ӯ.
Намояндаи СУТ таъкид кард, ки «танҳо ниқоб кафолати муҳофизат аз вирус буда наметавонад. Он бояд дар якҷоягӣ бо дигар чораҳо истифода шавад. Ва мушкил дар он аст, ки ниқоб пӯшида, одамон метавонанд ҳиссиёти бардурӯғи бехатарӣ дошта бошанд. Ва онҳо дигар чизҳоро фаромӯш мекунанд, ба монанди шустани дастон. Инчунин агар шумо намедонед, ки чӣ тавр ниқоб пӯшидан лозим аст, шумо маъмулан бештар ба рӯи худ даст мерасонед”,- илова намуд Язаревич.
Т. Язаревич зикр кард, ки духтурон ва мутахассисони соҳаи тиб дар тамоми ҷаҳон, пеш аз ҳама, бояд ба миқдори кофӣ тамоми таҷҳизоти зарурии муҳофизатӣ дошта бошанд. Аз ҷумла, ниқобҳо, айнакҳои муҳофизатӣ ва дастпӯшҳо. Ин амалро тавассути маҳдуд намудани хариди зиёди ин мавод аз ҷониби шаҳрвандони одӣ анҷом додан мумкин аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ