Дар ИМА тӯли 24 соат 1119 нафар аз сирояти коронавирус вафот карданд

Дар ИМА тӯли 24 соат 1119 нафар аз сирояти коронавирус вафот карданд

  • Post category:Саломатӣ


Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс, шумораи фавтидагон аз коронавирус дар ИМА рӯзи панҷшанбе ба 5926 нафар расид.
Агентии “Франс Пресс” бо истинод ба ҳисобҳои худ гузориш медиҳад, ки ҳамин тавр дар ИМА тӯли 24 соат 1119 нафар аз сирояти коронавирус фавтиданд.
Ин теъдоди зиёдтарини фавти коронавирус дар як шабонарӯз дар як давлат аст.
“Рекорд” -и қаблӣ ба Италия тааллуқ дошт, дар ин ҷо 27 март 969 фавт ба қайд гирифта шудааст.Донишгоҳ доираи васеи оморро аз сарчашмаҳои расмӣ ва ВАО ҷамъ менамояд.
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 11 март хуруҷи сирояти нави коронавируси COVID-19-ро пандемия эълон кард.
Тибқи охирин маълумоти СУТ, дар ҷаҳон беш аз 900 ҳазор ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда,  зиёда аз 45 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ