Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурияти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурияти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурияти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбати телефонӣ сарони ду давлат масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, инчунин масъалаҳои марбут ба паҳншавии глобалии короновирусро баррасӣ намуданд.
Тасмим гирифта шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи кумаки мутақобила ва дастгирӣ дар мубориза бар зидди пандемия пурзӯр карда мешаванд.
Дар ин робита, қарор шуд, ба сарвазирони ду кишвар супориш дода мешавад, ки дар мубориза бар зидди паҳншавии короновирус чораҳои муштарак андешида, ҳамкориро дар соҳаи тиҷорат ва ҳамгироии иҷтимоию иқтисодӣ тақвият бахшанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ