Брзии Суперҷоми Тоҷикистон бе иштироки тамошобин баргузор мешавад


Пагоҳ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2020 байни дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2020 байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷандро рефери ФИФА Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак ҳакамӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки бозии мазкур бинбар сар задани хуруҷи вируси корона бидуни тамошобин баргузор мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ