Шавкат Мирзиёев: Имрӯз интизоми оҳанин талаб карда мешавад

Шавкат Мирзиёев: Имрӯз интизоми оҳанин талаб карда мешавад


Дирӯз бо сарварии Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба масъалаҳои дастгирии тадбиркорон дар шароити инқирозе, ки пандемияи коронавирус ба вуҷуд овардааст, ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.
Президент Ш.Мирзиёев дар ҷамъомад ба халқи Ӯзбекистон муроҷиат кард:

  • Имрӯз интизоми оҳанин талаб карда мешавад, — гуфт сарвари давлат.
    Президент онҳоеро, ки ба тартиботи карантин риоя намекунанд, сахт танқид кард.
    То имрӯз аз карантин худсарона баромада рафтани 330 кас ва гузаронда шудани 24-то маросимҳои оммавӣ ботаассуф қайд гардид.
    *
    Президент барои дастгирии тадбиркорон ба фармони нав имзо гузошт.
  • Ман имрӯз дар чунин вазъияти душвор барои фаъолона дастгири кардани иқтисодиёт ва тадбиркорон боз ба як фармони муҳим имзо гузоштам. Ҳар қадар душвор бошад ҳам, аз буҷет хароҷоти калонро талаб кунад ҳам, барои дидани чораҳои иловагӣ қарор кардам,- гуфт Президент.
    Боздошта шудани фаъолияти ҳатто якто корхона ҳам чун вазъияти фавқулода қабул карда шавад.
    Президент дар ҷамъомад таъкид кард, ки барои пайваста фаъолият бурдани корхонаҳо ёрӣ додан ва пурра истифода бурдан аз имконияту захираҳо зарур аст.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ