Шахсоне, ки дар сиҳатгоҳи Қибрай дар карантин қарор доштанд, ба муддати 15 рӯзӣ аз озодӣ маҳрум гардиданд

Шахсоне, ки дар сиҳатгоҳи Қибрай дар карантин қарор доштанд, ба муддати 15 рӯзӣ аз озодӣ маҳрум гардиданд


Тибқи маълумотҳо, ба 7 нафар шахсе, ки дар сиҳатгоҳи Қибрай дар карантин қарор доштанд, санаи 3-юми апрел ба 15 шабонарӯзӣ ба ҷазои маъмурӣ ҳукм бароварда шуд.
Бо қарори суди маъмурии Юқори Чирчиқ онҳо дар вайрон кардани талаботи моддаҳои 54 КМҶ (вайрон кардани қоидаҳои пешгирии эпидемия), моддаи 183 (безоригӣ) ва моддаи 194 (иҷро накардани талаботи ходимони корҳои дохилӣ) айбдор дониста шуданд. 4 нафари онҳо занҳо мебошанд.

  • Бино бар ҳуҷҷатҳо он 7 нафар шахс санаи 1-уми апрел соати 22: 00 дар сиҳатгоҳ ба қоидаҳои карантин риоя накарда, ҳар хел суханҳои ноҷӯя зада, доду вой намуда, атрофиёнро нороҳат сохтанд. Барои ором кардани онҳо ходимони корҳои дохилӣ ҳаракат карданд вале ба талабҳои қонунии онҳо итоат накарда, суханҳои ҳақоратомез зада, безоригӣ кардаанд» — гуфта мешавад дар хабар.
    Аз рӯи хабари Сарпрокуроратура ин шаҳрвандон санаи 17- уми марти соли ҷорӣ ба воситаи рейси ғайринавбатӣ аз Дубай оварда шудаанд. Моҷарои онҳо рӯзи 15-уми карантин яъне санаи 1-уми апрел рух додааст.
    Манбаъ: Kunuz
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ