Марат Хуснуллин: фаъолияти сохтмонҳое, ки он ҷо муҳоҷирон кор мекунанд, идома ёбад

Марат Хуснуллин: фаъолияти сохтмонҳое, ки он ҷо муҳоҷирон кор мекунанд, идома ёбад
  • Post category:Ҷаҳон


Муовини нахуствазири Русия, Марат Хуснуллин пешниҳод дорад, ки фаъолияти сохтмонҳое, ки он ҷо муҳоҷирон кор мекунанд, идома ёбад.
«Онҳо одатан дар хобгоҳҳо зиндагӣ мекунанд. Беҳтар мешавад, ки онҳо дар ҷои корашон ба сар баранд, на дар хобгоҳ», — гуфт ӯ дар суҳбат бо рӯзноманигорон.
Хуснуллин ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки имрӯз муҳоҷирон дар паи маҳдуд будани марзҳо наметавонанд, Русияро тарк кунанд.
Муовини сарвазир гуфт, ба раҳбарияти бархе аз минтақаҳо пешниҳод карда, ки дар майдонҳои корӣ барои муҳоҷирон ҷойҳои хоб муҳайё кунанд, то онҳо дар сурати гирифторӣ ба коронавирус дар он ҷойҳо дар карантин бошанд.
Охир онҳо манзил ва ҳуҷраҳо надоранд, то тавонанд карантинро паси сар кунанд.
Ӯ гуфт, муҳоҷироне, ки гирифтори коронавирус мешаванд ва онро вазнин аз сар мегузаронанд, дар табобатхонаҳо, вале онҳое, ки ин бемориро дар шакли муътадил паси сар мекунанд, дар худи ҳамон ҷойҳо бо ёрии пизишкон табобат карда шаванд.
Ёдрас мешавем, ки Русия аз 18-уми март то 1-уми майи соли 2020 барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҳамаи сарҳадҳояшро баст.
Дар ин росто, ҳукумати Русия иҷода дод, ки муҳоҷирон патенти худро бидуни убури марз тамдид кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ