Дар вақти сирояти коронавирус бо хурдтаракон чӣ гуна сӯҳбат кардан мумкин аст.8 маслиҳат аз ЮНИСЕФ

Дар вақти сирояти коронавирус бо хурдтаракон чӣ гуна сӯҳбат кардан мумкин аст.8 маслиҳат аз ЮНИСЕФ



Ҳозир, он чизе ки шумо дар бораи сирояти коронавирус (COVID-19) дар соли 2019 шунидаед, ба ҳайрат афтодан осон аст. Агар фарзандонатон низ хавотир шаванд, инро ҳам фаҳмидан мумкин аст. Барои кӯдакон фаҳмидани он чизе, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ, оинаи нилгун мебинанд, ё аз одамони дигар мешунаванд, душвор буда метавонад, бинобар ин, онҳо ба ҳолатҳои изтироб, стресс ва воҳима афтоданашон мумкин аст. Сӯҳбати кушод ва дастгирии фарзандон метавонад ба онҳо барои дуруст фаҳмидани чунин ҳиссиёт ва мағлуб кардани онҳо кӯмак расонад, баробари ин он ба дигарон низ фоидаовар аст.

  1. Саволҳои кушод диҳед ва гӯш андозед.
    Ба фарзандонатон пешниҳод кунед, ки мавзӯро муҳокима намоянд. Гӯш андозед, ки онҳо дар ин бора чиҳоро медонанд. Агар онҳо хеле хурд ва дар бораи ин беморӣ нафаҳмида бошанд, барои бардоштани ин мавзӯъ эӯтиёҷ намемонад. Ба онҳо тарсу ҳароси нав пайдо накарда, қоидаҳои гигиенаро хотиррасон кунед кифоя аст.
    Боварӣ ҳосил кунед, ки шумо дар муҳити бехатар қарор доред ва ба фарзандатон имкон диҳед, ки озодона ҳарф занад. Тасвирҳо, ҳикояҳо ва усулҳои дигар, ҳангоми суханронӣ боз ҳам кушодтар шудани фарзандатон кӯмак мерасонад.
    Аз ҳама муҳим, кӯшиш накунед, ки ба мушкилоти онҳо беэътибор шавед ва аз муҳокима кардани онҳо канора ҷӯед. Ҳиссиёти фарзандатонро қабул намоед ва ба онҳо фаҳмонед, ки аз ин чизҳо ҳаросидан табиӣ аст. Ба фарзандатон нишон диҳед, ки шумо ӯро бо тамоми вуҷудатон гӯш мекунед. Боварӣ ҳосил намоед, ки фарзандатон фаҳмидааст, ки бо шумо ва муаллимаш ҳар вақте ки мехоҳад сӯҳбат ороста метавонад.
  2. Ростқавл бошед: ба бачаҳо ҳақиқатро бо забони худи онҳо фаҳмонед
    Кӯдакон ҳуқуқ доранд аниқ фаҳманд, ки дар дунё чӣ рух дода истодааст, аммо калонсолон ҳам онҳоро аз ранҷу азобҳо ҳимоя карданашон лозим аст. Бо забони мувофиқи синну соли кӯдак ҳарф занед, реаксияи онҳоро мушоҳида намоед ва ба хавотирҳояшон эътибор диҳед.
    Агар ба саволҳои онҳо ҷавоб дода натавонед, ҷавобҳоро аз худатон фикр карда набароред. Аз ин вазъият ҳамчун дар якҷояги ёфтани чавоби савол истифода баред. Веб-сайтҳои ташкилоти ҳифзи тандурустии ҷаҳонӣ ва ЮНИСЕФ барин ташкилотҳои байналхалқӣ манбаи маълумотҳо аст. Фаҳмонед, ки баъзе маълумотҳо дар интернет хато аст, ба мутахассисон бовар кардан беҳтар аст.
  3. Ба онҳо нишон диҳед, ки чӣ тавр худ ва дӯстони худро муҳофизат намоянд
    Яке аз роҳҳои беҳтарини ҳифзи кӯдакон аз коронавирус ва бемориҳои дигар ҳавасмандкунии шустани мунтазами дастҳо мебошад. Ин набояд сӯҳбати тарсовар бошад. Бо мақсади шавқовар шудани омӯхтани қоидаҳои дастшӯйӣ якҷоя бо Wiggles суруд хонед ва рақс намоед.
    Инчунин, метавонед ба кӯдакон нишон диҳед, ки ҳангоми атса задан ва сулфидан чӣ гуна даҳони худро бо оринҷҳояшон пӯшанд. Фаҳмонед, ки бо одамоне, ки ин гуна аломатҳоро доранд, хуб аст, ки бо онҳо алоқаи наздик накунанд. Ба фарзандатон таъин намоед, ки агар дар худ табларза, сулфидан ва дигаргунии роҳи нафасро эҳсос намояд, ҳатман ба шумо хабар диҳад.
  4. Онҳоро дастгирӣ намоед
    Агар ин беморӣ дар минтақаи шумо паҳн шуда бошад, ба фарзандонатон бигӯед, ки эҳтимоли ба онҳо сироят кардани ин беморӣ қариб нест, бисёрии одамони гирифтори коронавирус он қадар бемори ҷиддӣ нашудаанд, инчунин, калонсолон барои бехатарии оилаи шумо саъю кӯшиши зиёд мекунанд.
    Агар фарзандатон худро бад ҳис кунад, фаҳмонед, ки ӯ бояд дар хона ё шифохона бимонад, зеро ин барои ӯ ва дӯстонаш бехатар аст. Онҳоро бовар кунонед, ки шумо медонед, ки ин баъзан душвор аст (шояд даҳшатнок ё дилгиркунанда бошад), аммо риояи қоидаҳо муҳим аст, то ки барои ҳама бехатар бошад.
  5. Боварӣ ҳосил кунел, ки онҳо худро нисбати дигарон поймолшуда ҳис мекунанд
    Паҳншавии коронавирус дар тамоми ҷаҳон ҳолатҳои поймолшавии ирқиро оварда расонд.
    Аз ин рӯ, муҳим аст, то боварӣ ҳосил кунед, ки фарзандони шумо табъиз нашаванд ё дар чунин ҳолатҳо иштирок накунанд.
    Фаҳмонед, ки коронавирус ба намуди зоҳирии одамон , аз куҷо омадан ва бо кадом забон ҳарф задани онҳо алоқае надорад.
    Ба фарзандатон хотиррасон кунед, ки ҳама мактабҳо бехатаранд.

Беҷуръатӣ ҳамеша нодуруст аст. Ҳар яки мо бояд меҳрубон бошем ва якдигарро дастгирӣ намоем.

  1. Ёрдамчиёнро ҷӯед
    Барои кӯдакон донистани он, ки одамон меҳрубон ва саховатманд ҳастанд ва ба ҳамдигар кӯмак мерасонанд, хеле муҳим аст.
    Ба фарзандонатон дар бораи кормандони соҳаи тиб, олимон, ҷавонон ва одамони дигар, ки барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ кӯшиш мекунанд, нақл кунед. Донистани ҳаракати одамони раҳмдил тасаллои калон бахшиданаш мумкин аст.
  2. Худро эҳтиёт кунед
    Агар шумо ба худ ғамхорӣ кунед ба фарзандатон низ кӯмак мерасонед. Онҳо эҳсос мекунанд, ки шумо ба хабарҳои нав чӣ гуна муносибат мекунед. Аз ин сабаб, худро хотирҷамъ нишон додан ва идораи вазъият ба онҳо кӯмак мерасонад.
  3. Сӯҳбатро бо меҳрубонӣ хотима диҳед
    Донистани он муҳим аст, ки мо кӯдаконро дар азоб намегузорем. Ҳангоми анҷоми сӯҳбат бо фарзандатон, кӯшиш кунед, ки сатҳи нороҳатии онҳоро ба воситаи мушоҳида кардани ҳаракат, оҳанги овоз ва нафаскашӣ фаҳмед.
    Ба фарзандонатон хотиррасон кунед, ки онҳо бояд ҳама вақт дар вақти дилхоҳ, дар бораи ҳама гуна мавзӯъ сӯҳбат кунанд. Ба онҳо фаҳмонед, ки шумо ба онҳо ғамхорӣ мекунед, агар онҳо дар бораи чизе хавотир бошанд, шумо тайёред, ки онҳоро гӯш кунед ва ба онҳо кӯмак расонед.
    Маводи мазкур аз ҷониби муттахассиси робита бо ҷомеаи ЮНИСЕФ Ҷейкоб Ҳант таҳия шудааст.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ