Оё дар ИМА пешниҳоди Гейтсро қабул мекунанд?

Оё дар ИМА пешниҳоди Гейтсро қабул мекунанд?
  • Post category:Ҷаҳон


Яке аз сарватмандтарин одамони дунё Билл Гейтс ҳанӯз панҷ сол пеш гуфта будааст, ки барои инсоният вирусҳо хавфи аз ҳама бузург мебошанд, вале он ба мубориза бар зидди эпидемияҳои нав ҳаматарафа тайёр нест. Ҳоло ин гуфтаҳои ӯ гӯё тасдиқи худро меёбанд.
Дар ин рӯзҳо вай бори аввал маъмурияти ИМА-ро танқид кард, ки дар мамлакат пешгирии коронавирус ба дараҷаи зарурӣ ташкил карда нашудааст. Дар баъзе штатҳо то ҳол ҳатто карантин эълон накардаанд.
Вай сарфи назар аз душвориҳои иқтисодӣ дар мамлакат эълон кардани карантини 10 ҳафтаинаро роҳи хуби пешгирии пандемияи дониста, ҷори кардани онро пешниҳод кард.
Оё таклифи ӯро қабул мекунанд?

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ