Шумораи гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ба 500 нафар расид

Шумораи гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ба 500 нафар расид

  • Post category:Ҷаҳон


Шумораи шахсони гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ба 500 нафар расида, теъдоди беморони шифоёфта ва фавтида мутаносибан 29 ва 4 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла дар Россия 4149 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус, Украина – 1 072, Арманистон – 736, Молдова – 591, Озарбойҷон – 443, Беларус – 351 ва Қирғизистон — 144 ҳолат ошкор гардид.
Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 281 нафар, Беларус — 53, Арманистон — 43, Озарбойҷон — 32, Қазоқистон — 29, Молдова — 26, Украина – 22 ва Қирғизистон — 6 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.
Дар баробари ин, дар Россия 34 ҳолат, Украина – 27, Молдова – 8, Арманистон – 7, Озарбойҷон – 5, Беларус – 4, Қазоқистон — 4 ва Қирғизистон — 1 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи мубталоён ба коронавирус зиёд шуда, 299 нафарро ташкил медиҳад, ки даҳ нафари онҳо шифо ёфта, шаш тани дигар вафот кардаанд.
Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 1,1 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора зиёда аз 59 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 228 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 39 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ