Маслиҳатҳои муфиди вирусологи амрикоӣ барои пешгирӣ намудани коронавирус

Маслиҳатҳои муфиди вирусологи амрикоӣ барои пешгирӣ намудани коронавирус

  • Post category:Саломатӣ



Бо риоя намудани чанд қоидаи одие, ки на ҳама ба кор мебаранд, аз коронавирус эмин мондан имконпазир аст.
Вирусологи амрикоӣ, доктор Ҷеймс Робб, дар мактуби худ ба аҳли оила ва наздиконаш маслиҳатҳои муфидеро дарҷ намудааст, ки барои пешгирӣ намудани коронавирус нақши муҳим мебозанд. Мактуби мазкур тасодуфан расонаӣ гашт ва мо аз забони LIGA.net  онро пешкаши шумо мегардонем.
Ҷеймс Робб – муҳаққиқи соҳаи намунаҳои биологӣ, дорои таҷрибаи кории беш аз 50-сола дар соҳаи паталогияи молекулярӣ, вирусология ва генетика маҳсуб меёбад. Номбурда дар Донишгоҳи саратоншиносии ИМА ва шуъбаи ташхисҳои биологӣ ба ҳайси машваратчӣ фаъолият менамояд.
Инак, чораҳои пешгирӣ аз коронавирус дар баробари пӯшидани ниқоб ва дастпӯшак, ки дар давраи хурӯҷи зуком амали ҳатмӣ аст, аз тавсияҳои Ҷеймс Робб пешкаши шумо мегардад.
1.Ба ҳеҷ ваҷҳ бо даст салом накунед! Салому алейкро бо ҷунбонидани сар, хам кардани калла ва ишораи даст ба анҷом расонед.

  1. Барои фаъол намудани равшании барқ ё тугмаи лифт танҳо мушти худро ба кор баред. Ронандагоне, ки ба нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ мераванд, бо худ сачоқчаҳои коғазӣ ё дастпӯшаки яккарата гирифтанашон лозим аст.
  2. Дарҳоро бо мушти гиреҳшуда ё рони худ боз намоед, дастаи дарро бо даст нақапед. Хусусан дарҳои ҳоҷатхона ва дарҳои ҷойҳои ҷамъиятӣ дар назар  дошта мешавад.
  3. Дар мағозаҳо аз салфеткаҳои тамизкунанда истифода бурда, ҳамзамон ба ҳар чизе, ки дар берун ва дохили мағоза даст мерасонед, сараввал бо салфетка пок намоед.
  4. Ҳар дафъае, ки аз ҷойҳои серодам ба хона бармегардед, дастони худро бо собун муддати 10–20 сония шуста ё бо истифода аз маҳлули тамизкунандаи спиртӣ, ки дорои беш аз 60 спирт бошад, пок намоед.
  5. Як шишача маҳлули тамизкунанда бояд дар даромадгоҳи ҳар як хона гузошта шавад. Ҳамзамон, онро дар мошин ва бо худ гардонидан лозим аст, дар сурати имкон надоштани дастшӯӣ аз он истифода бояд бурд.
  6. Ҳангоми сулфа ва атсазанӣ бо салфеткаи яккарата даҳони худро қапида, дарҳол онро партоед. Оринҷи худро танҳо дар ноилоҷӣ истифода баред. Вирус ба либос афтида, то як ҳафта зинда мемонад ва метавонад дигаронро низ сироят намояд.
    Донистан зарур аст!
    Коронавирус ҳангоми атсазаниву сулфа бо оби зиёди даҳон паҳн мегардад. Ин маънои онро дорад, ки он дар ҳаво намепарад ва ба одамон сироят карда наметавонад. Вале ҳангоми расидан ба ҳама гуна  ашёву рӯйи чизҳо қатраҳои вирус паҳн шуда, то як ҳафта зинда мемонад. Аз ин лиҳоз, ҳамаи он чизе, ки нафари сироятёфтаро иҳота менамояд, сироятангез аст.
    Дар сурате ки шахси сироятёфта бевосита ба рӯи шахси солим атса ё сулфа занад, ин сулфа сироятангез буда наметавонад.
    Вируси мазкур ретсепторҳои ҳуҷайравӣ дорад, ки танҳо ба шуш асар менамояд. Роҳи ягонаи сироятёбӣ аз вирус ба бинӣ ё даҳон тавассути дасти инсон, сулфа ва атсазании шахси сироятёфта ба даҳону бинии шахси солим аст.
    Омодагӣ ба пандемия бояд чӣ гуна бошад?
    1.Барои мағоза равӣ ё дигар ҷойҳои даркорӣ дастпӯшакҳои яккаратаи латексӣ харидорӣ намоед.
    2.Ниқобҳои яккаратаи ҷарроҳӣ харидорӣ намуда, истифода баред, то ки бо даст даҳону бинии худро нақапед. (Мо дар як рӯз 90 маротиба даҳону бинии худро бо даст меқапем!) Ниқоби мазкур воридшавии вирусро ҳангоми сулфаи вирусдори бевосита ба даҳону бинӣ ҳифз карда наметавонад, вале он монеи ба даҳону бинӣ даст расонидани шумо мегардад.
    3.Воситаҳои тамизшударо барои дастон ва дастпӯшакҳои латексӣ захира намоед. Маҳлулҳои тамизшуда барои дастон бояд дар асоси спирт буда, беш аз 60 % спирт дошта бошанд, то ки самарабахш бошанд.
    4.Дорувории синкро захира намоед. Тавре исбот гардидааст, синк паҳншавии коронавирус ва вирусҳои зиёди дигарро низ дар гулӯ ва болои ҳалқ маҳв менамояд. Доруи синкро баробари пайдо шудани аввалин нишонаҳои зуком дар як рӯз чанд маротиба истифода баред. Беҳтараш доруи мазкурро ба қисмати қафои гулӯ ё болои ҳалқ гузошта, макидан лозим аст.
    Ба ақидаи вирусологи амрикоӣ, пештар одамон бо вируси мазкур мубтало нагашта буданд ва масунияти бадани мо ба он тобовар нест. Айни замон барои рафъ намудани ин навъи вирус кӯшиши зиёд ба харҷ дода истодаанд, вале барои пешгирӣ

ва табобат ҳатман аз маслиҳатҳои боло истифода бурдан лозим аст. 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ