Омили асосие, ки умрро дароз мекунад

Омили асосие, ки умрро дароз мекунад

  • Post category:Варзиш


Ба фикри муаллифи китоби «Умри дароз бинед» Александр Мясников барои
беҳдошти тандурустӣ ва дидани умри дароз машқҳои ҷисмонии мунтазам омили
беҳтарин мебошанд. Бигузор ин машқҳои сабуки ҳар пагоҳина бошанд, ё ки дар хона гардед. Вале дароз кашидан, бисёр нишастан ва умуман камҳаракатӣ одамро тезтар пир мекунад.
Зиёда аз ин, агар калорияи хӯроки ҳаррӯзаатонро ба меъёр биёред, нуран ало нур мешавад. Массаи дар меъёрбудаи тана омили дуюми дидани умри дароз аст. Ифтихори мо на шиками калоне, ки мо бо гузашти солҳо мерӯёнем, балки хушқаду қоматиамон бошад. Бинобар ин, сарфи назар аз машаққату душвориҳои зиндагӣ бояд ҳамеша ҳаракат кард. Агар ҳаракат кардан душвор бошад, нишаста машқ кардан мумкин аст. Аз ҳама муҳимаш, дар як ҷой нашинед. Ин аҳамияти хеле калон дорад.
Дар рӯзҳои карантин, ки мо ҳоло аз сар мегузаронем , ба ин маслиҳат риоя кардан осон аст, агар аз вақти холӣ самаранок истифода барем.
Аз ин худатон хулоса бароред.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ