Бад надонӣ то надони некро<br>ё худ ақл аз дидгоҳи Мавлоно Румӣ<br>Яке аз мавзӯоти дигаре,ки ҳазрати Мавлоно дар осори худ ба он таваҷҷӯҳи вижа зоҳир кардааст,мавзӯи ақл мебошад.

Бад надонӣ то надони некро
ё худ ақл аз дидгоҳи Мавлоно Румӣ
Яке аз мавзӯоти дигаре,ки ҳазрати Мавлоно дар осори худ ба он таваҷҷӯҳи вижа зоҳир кардааст,мавзӯи ақл мебошад.

  • Post category:Фарҳанг


Ба қавли мавлонопажӯҳон Мавлавӣ беш аз 300 байт дар бораи ақл сурудааст. Аммо нигоҳи хоси ҳазрати Мавлоно ба ин мавзӯъ боис шудааст,ки бархе афрод бо шинохти ҷузъӣ ва сатҳии андешаҳои он бузургвор худ ба бероҳа рафта ва аз сари шак ва гумони ботил Мавлоноро ба ақлситезӣ муттаҳам кунанд. Ин гуна бардошти нодуруст бархоста аз камтаваҷҷӯҳии ин афрод ба кули осори Мавлоно ва адами шинохти онон аз равиш ва мактаби он ҳазрат мебошад. Албатта на ҳар ки қодир ба дарки матолиб ва масоилест,ки ҳазрати Мавлоно дар осори худ ба таври шигифтангезе матраҳ кардааст. Осори Мавлоно аз маҷмӯаи таззодҳое таркиб ёфтааст, ки хоси дид ва бардошти ӯ аз олами ҳастӣ мебошад. Ин таззодҳои зоҳирӣ мӯҷиб шуда, ки бархе афрод ба ҳақиқати ҳол пай набаранд ва аз умқи андешаҳои ҳазрати Мавлоно бенасиб гарданд. Дар ҳоле,ки ба назари Мавлоно ҷаҳон бар мабнои аздод офарида шудааст ва шинохти башар аз тариқи ҳамин зидҳо ҳосил мешавад. Пас аздод василаи шинохти ҷаҳони ҳастӣ мебошанд
Шаб набуд нуре, надиди рангро
Пас ба зидди нур пайдо шуд туро
Ранҷу ғамро ҳақ пайи он офарид
То бад-ин зид хушдилӣ ояд падид
Пас ниҳониҳо ба зид пайдо шавад
Чунки Ҳақро нест зид,пинҳон бувад
Ки назар бар нур буд он гаҳ ба ранг
Зид ба зид пайдо бувад чун Руму Занг
Пас ба зиди нур донистӣ ту нур
То ба зиди ӯ туро пайдо намуд
Бад надонӣ то надони некро
Зидро аз зид тавон дид,ай фато


Аз ин гуна абёт дар «Маснави» фаровон аст, ки Мавлоно барои исботи назарияи худ матрах кардааст. Пас бар асоси назарияи Мавлоно зухури мавчудот дар олами хасти бидуни вучуди аздод гайри имкон аст,аммо Мавлоно мӯътақид аст, ки ин таззодҳо, ки асоси шинохти ҳастӣ ва муаллими аввали башар маҳсуб мешаванд танҳо дар зоҳири амр аст, дар ботин ин аздод яке ҳастанд, тақвияткунандаи якдигар буда аз як сарчашма об мехӯранд.


Зиндагонӣ оштии зидҳост
Марг он, к-андар миёншон ҷанг хост


Яъне аз назари Мавлоно назми ҳастӣ бар пояи ҳамин аздод асос ёфтааст ва агар аздод набуд ҳастие низ вуҷуд надошт. Мавзӯи дугонагӣ дар осори ҳазрати Мавлоно ба масоили ҷабру ихтиёр,куфру имон, дунё ва охират, зиндагиву марг, биҳишту дӯзах, қазову қадар ва дигар мавзӯоти баҳсбарангез низ марбут мешавад. Аммо бо ин муқаддимае ки дар бораи зидҳо дар назди Мавлоно баён гардид ба роҳатӣ метавон ба ҳақиқати ҳоли кули мавзӯоти номбурда пай бурд.Ҳол бармегардем перомуни масъалаи ақл,ки мавзӯи аслии мақолаи мо аст.Бар асоси назарияи зидҳо мавзӯи ақл низ дар осори ҳазрати Мавлоно зоҳиран дугона ва таноқузомез менамояд.Ба қавли мавлоношинос Карими Замонӣ «Мавлоно гоҳ ақлро чунон суст ва чубинпой мешуморад,ки гӯӣ ҳамаи бадбахтиҳо ва каҷравиҳои одамӣ зери сари ақл аст ва гоҳ чунон меситояд,ки одамӣ яқин мекунад,ки беҳтарин атои худованд ҳамин ақл аст». Ба қавли Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ » Илоҳӣ,ҳар киро ақл додӣ чӣ надодӣ?! Ва ҳар киро ақл надодӣ чӣ додӣ? Ба эътиқоди аксари мавлонопажӯҳон ҳазрати Мавлоно дар осори худ аз се навъи ақл сухан гуфтааст
Аввал;Ақли ҷузъӣ ё ақли баҳсӣ,ки сатҳинигар аст ва худбиниву ситезаҷӯӣ ва шитоб дар доварӣ аз хусусиёти ин гуна ақл аст.Ақли ҷузъӣ «дар шинохти ҳақоиқи ниҳон ва асрори ҷаҳон, норасо ва сатарван аст
Дуввум; Ақли кул ё ақли куллӣ,ки аз худо нур мегирад ва ҳақоиқи умурро ба таври саҳеҳ дарк мекунад
Саввум; Ақли имонӣ ё ақли аршӣ ва ба таъбири дигар ақли ладунӣ, ки ҳақиқати ниҳони ҷаҳони ҳастӣ аст ва падидаҳои табии сурати он ақл ба шумор оянд.
Ҳоло, он чи ки аз сӯи ҳазрати Мавлоно мавриди мазаммат қарор гирифтааст ҳамин ақли ҷузвӣ аст фақат дар сурате, ки тобеи нафси аммора ва ахлоқи разила бошад. Барои рӯшан кардани ин мавзуъ ба китоби «Фийҳи мо фийҳи» муроҷиат мекунем. Ҳазрати Мавлоно дар он ҷо мегӯяд: «Охир мегӯянд,ки ал-одамию ҳайвону нотиқ». Пас одамӣ ду чиз аст: Он чӣ дар ин олам қуввати ҳайвонияти ӯст ин шаҳват аст ва орзӯҳо аммо он чӣ хулосаи ӯст ва хӯроки ӯ илму ҳикмат ва дидори Ҳақ аст. Одамиро он чи ҳайвонияти ӯст аз ҳақ гурезон аст ва инсонияташ аз дунё гурезон.»Ҳамчу

нин Мавлоно дар «Маснавӣ» ақли тобеи ҳавову ҳавасро ба «Лошахӯр» ташбеҳ мекунад


Ақли ҷузвӣ каркас омад ай муқил
Пари ӯ бо ҷифахорӣ муттасил,
Тарки каркас кун.ки ман бошам касат
Як пари ман беҳтар аз сад каркасат.
Ҳам мизоҷи хар шудаст ин ақли паст
Фикри ин ки чун алаф орад ба даст.


Дар ҳамин росто ҷойи дигаре ҳазрати Мавлоно дар «Фийҳӣ мо фийҳи» мегӯяд: «Як синфи дигаре баҳоиманд, ки ишон шаҳвати маҳзанд,ақли зоҷир надоранд, бар ишон таклиф нест. Монд одаме мискин,ки мураккаб аст аз ақл ва шаҳват, нимаш фаришта ва нимаш ҳайвон, нимаш мор аст ва нимаш моҳӣ, мохияш сӯи об мекашонад ва мораш сӯи хок. Дар кашокаш ва ҷанг аст… Акнун баъзе аз одамиён мутобиати ақл чандон карданд,ки ба куллӣ малак гаштанд ва нури маҳз гаштанд. Ишон анбиё ва авлиёанд… Ва баъзеро шаҳват бар ақлашон ғолиб гашт то ба куллӣ ҳукми ҳайвон гирифтанд…» Пас ба роҳатӣ ошкор шуд,ки он чӣ мавриди мазаммати ҳазрати Мавлоно қарор гирифтааст афроде ҳастанд, ки шаҳват бар ақлашон ғолиб гаштааст ва сифати ин тоифа кибру ғурур, зулму фасод, ситезаҷӯӣ, ҷангу қитол ва худбиниву ҳаккушӣ мебошад.


Ақл зидди шаҳват аст ,ай паҳлавон
Он ки шаҳват метапад ақлаш махон
Ваҳм хонаш он ки шаҳватро гадост
Ваҳм қалби нақди зарри ақлҳост


Дар муқобил, назари ҳазрати Мавлоно дар бораи ақли солим ва созанда комилан дигар аст. Дар як калом Мавлоно ақлро ҳақиқати ниҳони ҷаҳони ҳастӣ медонад
Ақлу динҳо бе гумоне аршиянд
Дар ҳиҷоб аз нури аршӣ мезиянд
Ҳамчу Ҳоруту чу Морут он ду пок
Бастаанд ин ҷо ба чоҳи саҳмнок
Ин орифи вораста мегӯяд ақли кул, ки ҳақиқати асили ҷаҳони ҳастӣ аст ҳамчун дарёест, ки падидаҳои маҳсус дар сатҳи он монанди косаҳои холӣ ва шиноваранд.


То чӣ оламҳост дар савдои ақл
То чӣ бепаҳност ин дарёи ақл
Сурати мо андарин баҳри изоб
Меравад чун косаҳо бар рӯи об
Ақл пинҳон асту зоҳир оламе
Сурати мо мавҷ ё аз он наме
Куллӣ олам сурати ақли кул аст
К-ӯст бобои ҳар он-к аҳли кул аст


Ҳазрати Мавлоно ҷойи дигар дар робита ба ақли ҷузвӣ ва ақли куллӣ мефармояд: «Ақли ҷузвӣ қобили он нест, ки аз худ чизе ихтироъ кунад, ки онро ва ҷинси онро надида бошад. Ва ин ки мардум таснифҳо кардаанд ва ҳандасаҳо ва бунёдҳои нав ниҳодаанд, таснифи нав нест ҷинси онро дидаанд бар он ҷо зиёдат мекунанд. Онҳо ки аз худ нав ихтироъ кунанд, ишон ақли кул бошанд. Ақли ҷузвӣ қобили омӯхтан аст, муҳтоҷ аст ба таълим. Ақли кул муаллим аст, муҳтоҷ нест. Ва ҳамчунин ҷумла пешаҳоро чун боз ковӣ асл ва оғози он ваҳй будааст ва аз анбиё омӯхтаанд ва ишон ақли кулланд… Анбиё ва авлиёанд, ки ақли ҷузвиро бо ақли кул муттасил кардаанд ва яке шудааст. Масалан, дасту пой ва чашму гӯш ва ҷумла ҳавоси одамӣ қобиланд, ки аз дил ва ақл таълим кунанд. По аз ақл рафтор меомӯзад, даст аз дилу ақл гирифтан меомӯзад, чашму гӯш дидан ва шунидан меомӯзад, аммо агар дилу ақл набошад ҳеҷ ин ҳавос ба кор бошанд ё тавонанд коре кардан Ин нуктаро низ бояд таъкид кунам,ки ҳазрати Мавлоно ақли ҷузвӣ ё ба таъбири дигар ақли маъошро ки мудаббир ва муназзими ҳаёти рӯзмарра ва умури иҷтимоии инсонҳо ҳаст то замоне,ки аз маҳдудаи вазоиф ва фаъолияти худаш таҷовуз накардааст,судманд ва роҳкушо медонад.Вай ақи ҷузвиро воситаи касби ризқу рӯзӣ ва танзимгари умури иҷтимоии инсоният арзёбӣ мекунад.


Ғайри ин ақли ту Ҳақро ақлҳост
Ки бад-он тадбири асбоби самост
Ки бад-ин ақл овари арзоқро
З-oн дигар мафраш кунӣ атбоқро


Тибқи назарияи ҳазрати Мавлоно ақли ҷузвӣ ё максабӣ аз тариқи саъю кӯшиш ва таълиму омӯзиш ба даст меояд, аммо ақли саввум ё ақли ладун атои илоҳӣ барои бандагони хос порсо ва покманиш мебошад :


Ақл ду ақл аст ақли максабӣ
Ки дар омӯзӣ чу дар мактаб сабӣ
Аз китобу устоду фикру зикр
Аз маъонӣ в-аз улуми хубу бикр
Ақли дигар бахшиши яздон бувад
Чашмаи он дар миёни ҷон бувад
Чун зи сина оби дониш ҷӯш кард
Не шавад ганда на дерина на зард


Дар ҳақиқат он донише,ки дар мактаб ва донишгоҳҳо ба даст меояд агар такрор нашавад билофосила фаромӯш мешавад.Агар илми максабӣ асос мебуд бояд шогирдони як мактаб ҳама донишманд мешуданд вале аксарият чун қалби мунир ва хира

ди фитрӣ надоранд аз миёни сад шогирд як нафараш шояд донишманду олим шавад.Ҳамон ки фитрати солим дорад ба камол мерасад,ҳоли бақияро худ беҳтар медонед.
Ақли ҷузвӣ аз назари Мавлоно чанд мушкили лоянҳал дорад.
Мункири шуҳӯди ҳақиқат аст.
Гирифтори офату ваҳм ва гумон аст.
Дар дарки масоили лоҳутӣ ноқис аст.
Мустақил ва мухтареъ нест.
Фақат бо иллият ё худ сабабият ва қонунҳои зоҳирии табиат сару кор дорад.Ишқро дарк намекунад


Аммо ақли куллӣ дорои сифоти зерин аст


Ба манзалаи болу пари инсон аст
Зидди шаҳват ва зулмату нодонист.
Ақли имонист, ахбори илоҳиро тасдиқ мекунад ва ҳар чӣ паёмбарон гӯянд ба он амал мекунад.
Тадбири умури ботини кунад.
Аз шинохти Худо оҷиз аст аммо саркаш нест.
Ҳақиқати ниҳони ҷаҳони ҳастӣ аст
Ва дар ниҳоят бо таваҷҷӯҳ ба абёти «Маснавӣ» ва далоиле,ки аз китоби «Фийҳи мо фийҳӣ дар бораи аҷл мисол зада шуд ба хубӣ ошкор мешавад,ки ҳазрати Мавлоно на танҳо ақлситез набуда балки ба асолати ақл эътикоди шадид доштааст


Бас наку гӯфт он расули хушҷавоз
Заррае ақлат беҳ аз савму намоз
З-он ки ақлат ҷавҳар аст ин ду араз
Ин ду дар такмили он шуд муфтараз
То ҷило бошад мар он ойинаро
Ки сафо ояд зи тоат синаро
Лек гар ойина аз бун фосидаст
Сайқал ӯро дер боз орад ба даст
Ақли абдолон чу парри Ҷабраил
Мепарад то зилли сидра мил-мил.
Аз Интернет.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ