Маънои сарҳарфи номи худро медонед?


Назарияҳои бисёр оид ба таъсири ном ба одам ба хулқу атвори он арзи вуҷуд доранд. Чанде аз коршиносони ин соҳа дар ақидаанд, ки аз рўи сарҳарфҳои ном, номи падар (насаб) ва номи бобо (мансуб ба хонавода) бе ягон душворӣ дар бораи хулқу атвори барандаи он ба хулосае омадан мумкин аст. Мувофиқи тадқиқоти олимон ҳарфҳои номи мо маъноҳои зайлро дороанд:
А — қувва ва ҳокимият;
Б – қобилият ва ҳиссиёти бузург;
В – ноустуворӣ, нопойдорӣ, набудани мураттабӣ;
Г – асрорангез, пурасрор, пинҳонкор;
Д – улфат, одамдўст, қобилияти ба худ ҷалбкунанда доштан;
Е – қобилияти сафарбаршавандагӣ, омода будан; ҳаётан устувор;
Ж – эътимоднадошта, ноустувор; дудила;
З – шубҳаомез будан; духўра; қонеъ (қаноатманд) набудан; душвориҳои моддӣ доштан;
И – нозукдил, таъсирпазир; ҷидду ҷаҳд (напряжение);
К – талаботи зиёд ва асабоният, тундмиҷозӣ;
Л – хушоҳанг; бомантиқ, устокор, бомаҳорат, ботадбир;
М – меҳнатдўст, меҳрибон;
Н – энергияи зиёд; сертакаббурӣ, маѓрурӣ дар фаъолият;
О – табъи ниҳоят муассир, пуртаъсир; тез, хурўшон;
П – хоксор, дуркашӣ дар муносибат бо дигарон, якка, бекас;
Р – доим дар ҷидду ҷаҳд будан,табъи муассири зўр доштан;
С – зуд-зуд афсурдаҳол, рўҳафтода шудан; асабоният; маъюсӣ;
Т – ҷустуҷўйи беинтиҳо, думболагири мақсади олӣ;
У – ҳисси пешакӣ, фаросат, фаҳм; зуд-зуд моил ба парешонхотирӣ ва тарс;
Ф – меҳрубон, навозишкор; мувофиқ шуда тавонистан;
Х – ҳиссиёти ѓайрисобит; муаммоҳои шаҳватпарастӣ;
Ц – майл ба зоҳиркунии ҳиссиёти дарунӣ;
Ч – садоқат, вафодорӣ; боэътимод;
Ш – рашк, бесозиш, бесозишкорӣ, бегузашт;
Щ – қобилияти мутараққии ақлӣ (зеҳнӣ, фикрӣ, маънавӣ);
Э – ҷустуҷўйи мувозинати психологӣ;
Ю – сертакаббурии зиёд; тиҳӣ аз мураттабӣ (системность);
Я – бо маърифат, зиёӣ, моил ба фаъолият.
(Тарҷума аз «Молодежный журнал» №2/2, декабри 2008.)
Тарҷумаи Я. Самарқандӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ