Кӯмаки иҷтимоӣ: ба кӣ, чӣ хел ва дар куҷо?


Ҷавобҳо ба саволҳое, ки аз ҳама бисёр дода мешаванд.
Мувофиқи қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ, дар доираи чораҳои нави карантин, аз 1 –уми апрели соли ҷорӣ карда шудааст, амалҳои хайрияи инфиродӣ боздошта шуданд.
Мақсад аз он муҳофизати шаҳрвандони кӯҳансол дар шароити паҳншавии пандемия мебошад. Аз рӯйи тартиби нав акнун тадбирҳои расонидани суроғавии кӯмаки хайриявӣ ба эҳтиёҷмандон ба таври марказонидашуда ба роҳ монда мешавад. Ин вазифаро Маркази мувофиқгардонии хайрияҳои сарпарастии назди Вазорати дастгирии маҳалла ва оила иҷро мекунад.
Хӯш, кӯмаки иҷтимоӣ: ба кӣ, чӣ хел ва дар куҷо?

Савол: Барои гирифтани кӯмаки иҷтимоӣ ба куҷо муроҷиат кардан лозим аст?
Ҷавоб: Ба воситаи рақамҳои 1197 ба Маркази маълумотҳо муроҷиат карданатон мумкин аст. Муроҷиаткунандагони Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон ва вилоятҳо ба марказҳои ҳудудии Маркази маълумотҳо вобаста карда мешаванд. Инчунин, рақамҳои дахлдори Садоратҳои ҳудудӣ кор мекунад.

Савол: Кӯмаки иҷтимоӣ ба киҳо дода мешавад?
Ҷавоб: Маҳсулотҳои кӯмаки иҷтимоӣ ба оилаҳои камтаъмини маҳаллаҳо, оилаҳои мӯҳтоҷи ҳимояи иҷтимоӣ, пиронсолон, нафароне, ки кори доимӣ надоранд, инчунин, ба оилаҳои шаҳрвандоне, ки ба туфайли карантин ба кори рӯзона баромада наметавонанд, дода мешавад.

Савол: Ҳангоми пайвастшавӣ ба Маркази маълумотҳо кадом маълумотҳо лозим аст?
Ҷавоб: Ному насаб, номи маҳалла ва рақами телефони шахси ниёзманд (маълумотҳои мазкур барои гирифтани ариза лозим аст).

Савол: Кадом соати рӯз ман метавонам бо Маркази маълумотҳо пайваст шавам?
Ҷавоб: Шумо метавонед ҳар рӯз аз соати 9:00 то 17:00 бо Маркази маълумотҳо (рақами кӯтоҳи 1197) муроҷиат намоед.

Савол: Кӯмаки иҷтимоиро ба таври нақд (пулӣ) гирем ҳам мешавад?
Ҷавоб: Не.

Савол: Кӯмаки иҷтимоӣ ба чӣ қадар вақт дода мешавад ва оё аз он маротибаи дигар низ истифода бурдан мумкин аст?
Ҷавоб: Вазифаи аввалиндараҷаи ин сохтор муайян кардани оилаи эҳтиёҷманд аст. Дар марказҳо дар се равия маълумот меояд.
Равияи якум – ба воситаи рақами Маркази маълумот – 1197.
Равияи дуюм – маълумоти воқеиву шаффофи фаъолони маҳалла, ки онҳо аз аҳволи ҳақиқии ҳудудҳо хабардоранд.
Ба саволҳо роҳбари хизмати матбуоти Вазорати дастгирии маҳалла ва оила Саодат Боймирзоева ҷавоб дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ