Дар Ғарб одоби шарқонаро қабул мекунанд?

Дар Ғарб одоби шарқонаро қабул мекунанд?


Профессори психологияи иҷтимоии Донишгоҳи Флорида, доктор Ҷеймс Шепперд гуфт, ки баъди гузаштани пандемияи коронавирус дар Ғарб ба ҷои дастфишорӣ ҳангоми вохӯрӣ таъзим ба расм дарояд.
Ба фикри Шепперд даст фишурда вохӯрдан одоби ғарбона аст. Дар маданияти Шарқ бошад, бештар таъзим карда салом доданро дидан мумкин аст. Ё ки ба рӯи қафаси дил дасти ростро мегузоранд. Вай гуфт, ки чунин салом додан қобили қабул аст ва онҳо дар оянда метавонанд дастфишориро иваз кунанд.Ӯ инчунин байни одамон нигоҳ доштани масофаро (то 2 метр ), ки дар бисёр мамлакатҳо маъмул аст, қайд кард.
-Агар роҳбарони ҷамоати чунин трендро оғоз кунанд, таъзим дар Ғарб низ метавонад меъёри маданӣ шавад,-гуфт профессор Шепперд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ