Дар вақти таътил озмунҳо ба тарзи онлайн ташкил мегардад

Дар вақти таътил озмунҳо ба тарзи онлайн ташкил мегардад
  • Post category:Асосӣ


Имрӯзҳо донишҷӯёни мамлакатамон дар таътил қарор доранд. Донишкадаи давлатии лоиҳакашӣ ва сохтмони Самарқанд (ДДЛСС) бо мақсади самарабахш гузаронидани вақти холии ҷавонон ба воситаи мессенҷери телеграм дар гӯруҳи расмии донишкада якчандто лоиҳаҳоро ба роҳ монд.
Аз ҷумла, бори аввал дар канали @samdaqiyoshlari озмуни иншоҳои онлайн гузаронида шуд. Озмун таҳти мавзӯи “Даъвати абадӣ: Ягон дард аз ирода қавитар нест” гузаронида шуда, дар давоми 2 соат ба манзили телеграм 48 иншои электронӣ омада расидааст.
Инчунин, аз ҷониби ҷамоаи яккачини “Бунёдкор”-и бозии интелектуалии “Заковат”- и донишкада канали @samdaqizakovat низ фаъолият нишон медиҳад. Канали мазкур то ҳол 58 то ҷамоае, ки аз донишҷӯёни муассисаҳои таълими олии вилоятҳои ҷумҳурият иборатро ҷамъ намудааст.
Маъмурияти донишкада, дар оянда байни донишҷӯён гузаронидани озмуни плакатҳои онлайниро ба нақша гирифтааст.
Хизмати ахбори ДДЛС Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ