Ба саволи зиёдшавии шумораи беморони коронавирус эзоҳ дода шуд

Ба саволи зиёдшавии шумораи беморони коронавирус эзоҳ дода шуд


Дирӯз дар штаби АОКА дар пандемияи коронавирус брифинг барпо гашт. Дар он Саринспектори давлатии назорати санитарию эпидемологии назди Маҳкамаи Вазирон Нурмат Отабеков иштирок намуд ва ба саволҳои пешомада ҷавоб гардонд. Ӯ дар саволи шумораи зиёдшавии мубталоёни коронавирусро чунин эзоҳ дод:

  • бемороне, ки ба ин дард гирифтор шудаанд 40 фоизашон аз давлатҳои хориҷӣ омадаанд, 60 фоизи онҳо дар мулоқот будаанд. Дар ин рӯзҳо, онҳое, ки бо ин беморон ва дар карантинбудагон дар алоқа буданд — 100 ҳазор нафарро ташкил мекунанд, ки аз байни онҳо эҳтимоли баромадани бемори нав табиист. Барои ҳамин то давраи карантин тамом нашавад кам шудани беморонро аниқ карда наметавонем».
    Бояд қайд намуд, ки аз санаи 15 уми март то имрӯз дар Ӯзбекистон шумораи беморони коронавирус ба 342 нафар расид. Аз байни онҳо 30 нафар шифо ёфтанд ва 2 нафари онҳо фавтиданд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ