Оё панҷараҳо лозиманд?

Оё панҷараҳо лозиманд?


Бо баъзе сабабҳо, дар тӯли ду даҳсолаи охир бо панҷараҳои баланд иҳота кардани муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ҳамчун як ҷузъи ҷудонопазири архитектураи замонавӣ қабул карда шуд.
Ҳар як муассиса бо монеа ҳимоя кардани худро муҳим мешуморад. Вобаста аз имконият, атрофи биноро бо панҷараҳои оҳанини баланд ё пасттар иҳота мекунанд.
Фикр мекунам, ки ин деворҳо, новобаста аз зебо ё боҳашам будани худ, дар ҳама ҳолат симои шаҳри моро вайрон мекунанд.
Аз ин рӯ, агар зарурате набошад, гирифтани панҷараҳои атрофи корхонаҳои давлатии вилоятро ва дар оянда ҷорӣ намудани амалиёти бидуни панҷараҳо ба истифода додани биноҳои навро пешниҳод мекунам.
Ба ҳамин муносибат панҷараҳои нолозимаи ҳудуди вилоятро бояд аз байн бардорем. Масалан, бинои ҳокимиятҳои шаҳри Самарқанд, ноҳияҳои Самарқанд ва Пастдарғам, Бюрои иҷрои ҳатмии вилоят, Маҷмаи таваллудхонаи рақами 1, хобгоҳи назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, ки дар пеши хиёбони Конфутсий ҷойгир аст, бинои ресторани “OASIS GARDEN” ва ғайра.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ