Шумораи шахсони гирифтор ба коронавирус дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба 10 719 нафар расид


Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба 10 719 нафар расид. Ҳамзамон шумораи беморони шифоёфта ва фавтида низ дар қаламрави ИДМ зиёд шуда, мутаносибан ба 661 ва 131 нафар расид. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Аз ҷумла, дар Россия 5389 ҳолат, Украина – 1308, Молдова – 864, Арманистон – 822, Озарбойҷон – 584, Қазоқистон – 584, Беларус – 562, Ӯзбекистон – 390 ва Қирғизистон — 216 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.
Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 355 нафар, Арманистон — 57, Беларус — 52, Қазоқистон — 44, Қирғизистон — 33, Озарбойҷон — 32, Молдова — 30, Ӯзбекистон – 30 ва Украина – 28 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.
Дар баробари ин, дар Россия 45 ҳолат, Украина – 37, Молдова – 15, Беларус – 8, Арманистон – 7, Озарбойҷон – 7, Қазоқистон — 6, Қирғизистон – 4 ва Ӯзбекистон — 2 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи мубталоён ба коронавирус зиёд шуда, 367 нафарро ташкил медиҳад, ки 17 нафари онҳо шифо ёфта, 7 тани дигар вафот кардаанд.
Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 1,2 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора зиёда аз 69 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 262 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 45 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ