Қисми асосии шахсони гирифтори коронавирусро занон ташкил мекунанд


Ҳоло дар мамлакат шумораи умумии шахсони гирифтор ба коронавирус 390 нафарро ташкил медиҳад. Аз беморон 188 нафарашон мардон ва 202 нафарашон занон мебошанд.
Аз рӯйи синну сол
0-9 сола — 10 нафар (2,6%);
10-19 сола — 15 нафар (3,8%);
20-29 сола — 59 нафар (15,1%);
30-39 сола — 111 нафар (28,5%);
40-49 сола — 123 нафар (31,5%);
50-59 сола — 48 нафар (12,3%);
60-69 сола — 17 (4,4%);
70-79 сол — 6 (1,5%);
Онҳое, ки синнашон аз 80 боло аст, 1 нафарро ташкил медиҳанд (0.3%).
Айни замон дар Тошканд 170 бемор бо сирояти коронавирус табобаткарда мешаванд. Инчунин, 2 бемор дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, дар вилояти Андиҷон 61, дар вилояти Бухоро 19, дар вилояти Намангон 48, дар вилояти Фарғона 64, дар вилояти Хоразм 18, дар вилояти Қашқадарё 6 ва дар вилояти Навоӣ 2 нафар табобат мегиранд.
Беморон аз ҷониби кормандони тиббӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ табобат карда мешаванд.
Дар 31 нафар пневмония мушоҳида ба назар мерасад. Аз онҳо аҳволи 9 нафар нисбатан вазнин ва 2 нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ