Барис Ҷонсон бо бемории каронавирус дар шифохона бистарӣ шуд

Барис Ҷонсон бо бемории каронавирус дар шифохона бистарӣ шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Сарвазири Британия Барис Ҷонсон пас аз 10 рӯзи бемории коронавирус барои ташхис дар бемористон бистарӣ шуд.
Таъкид гардид, ки ин гуна қарор мувофиқи пешниҳоди шифокори ӯ қабул карда шудааст. Дар хонаи кории сарвазир пас аз 10 рӯзи гузоштани ташхиси бемории коронавирус ба Ҷонсон боз аломатҳои беморӣ идома ёфт ва дар беморхона хобонидани ӯ як чораи эҳтиётӣ мебошад.
Инчунин, дар Ҷонсон ҳарорати баланди тана ва сулфидан давом мекунад.
Мувофиқи маълумотҳои “Би-би-сӣ”, Ҷонсон дар шифохона барои супоридани таҳлил мондааст. Инчунин, ӯ идоракунии кори ҳукуматро идома медиҳад. Аммо дар санаи 6-уми апрел ҷамъомади ба мубориза зидди пандемияи коронавирус бахшидашудаи ҳукумат бо роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Доминик Рааб гузаронида мешавад.
Рӯзи 27-уми март ташхиси бемории коронавирусро доштани Сарвазири Британия маълум гардид. Дар он вақт пас аз маълум шудани нишонаҳои беморӣ – ҳарорати баланди бадан ва сулфа Ҷонсон қарор кард, ки таҳлил гузаронад. Пас аз ин, сиёсатмадор қавл кард, ки карантин кунад ва аз хона кор кунад.
Рӯзи 2-юми апрел Ҷонсон дар Твиттер видеонавор нашр карда маълум кардааст, ки вай ҳоло худро хуб ҳис мекунад, аммо ҳанӯз ҳарорати баланд доштанаш ва давом кардани карантинро давом медиҳад.
Завҷаи ӯ Кэри Саймондс, ки ҳомиладор аст, инчунин гирифтори бемории коронавирус шудааст. Ӯ 4-уми апрел маълум кардааст, ки як ҳафта боз бо нишонаҳои коронавирус бемори бистарӣ шудааст. Саймондс таъкид мекунад, ки ҳоло аҳволаш беҳтар аст.
Дар айни замон дар Британия адади гирифторони бемории коронавирус 47, 8 ҳазор нафарро, вафот кардагон 4934 нафарро ташкил мекунад. Аз санаи 24-уми марти соли ҷорӣ сар карда, дар мамлакат ҳолати карантин амал мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ