Пирамарди 106 солаи эронӣ вируси кушандаро шикаст дод

Пирамарди 106 солаи эронӣ вируси кушандаро шикаст дод

  • Post category:Ҷаҳон


Ин марди 106-сола, ки дар Эрон мубтало ба коронавирус шуда буд, пас аз 14 рӯзи бистарӣ дар бемористон бо беҳбудии комил ҷавоб дода, ба хона бозгашт, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.
Бино бар иттилои манбаъ, то кунун даҳҳо бемори мубтало ба коронавирус дар Эрон бо беш аз 90 сол синн, бо иродаи қавӣ, ин вируси кушандаро шикаст доданд ва аз бемористон ҷавоб шуданд.
Бинобар эъломи Вазорати тандурустӣ, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, то кунун аз маҷмӯи 53 183 нафаре, ки дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд, 17 935 нафари онҳо беҳбуд ёфта аз бемористонҳо мураххас шудаанд ва 3 294 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.
ittiloot.com/tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ