Афғонистон: вайронкунандагони қоидаҳои карантин 250 доллари амрикоӣ ҷарима месупоранд

Афғонистон: вайронкунандагони қоидаҳои карантин 250 доллари амрикоӣ ҷарима месупоранд

  • Post category:Ҷаҳон


Муҳаммадяъқуби Ҳайдарӣ, устондори Кобул гуфт, ба далели бетаваҷҷӯҳии шаҳрвандони Кобул, пойтахти Афғонистон ба карантин ва идомаи тараддуд дар шаҳр, пулиси шаҳри Кобул бо афроди хатокор ба таври ҷиддӣ бархӯрд мекунад, иттилоъ медиҳад хабаргузории «Parstoday».
Вай афзуд, хатокоронро 18 ҳазор афғонӣ, муодили 250 доллар ва то се соли зиндон маҳкум мекунад.
Устондори Кобул гуфт, шаҳрвандон барои ҳифзи ҷони худ ва саломати ҷомеа бояд ба тавсияҳои шифокорон амал кунанд.
Дар ҳамин ҳол, устондории Ҳироти Афғонистон ҳам имрӯз эълом кард, аз имрӯз бо мутахаллифони карантин дар сатҳи устон бархӯрд хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон эълон кард, ки шумори афроди мубтало ба ин вирус ба 196 нафар расид.
Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон шумори беҳбудёфтагонро панҷ нафар ва теъдоди афроди ҷонбохта бар асари ин бемориро чор нафар эълон кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ