Дар Тайлоқ ярмаркаи сайёр ташкил гардид

Дар Тайлоқ ярмаркаи сайёр ташкил гардид


Бо ҳамкории шӯъбаи департаменти мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии назди прокуратураи ноҳияи Тайлоқ ва инспексияи давлатии андози ноҳия дар ҳудуди ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи Элипок ярмаркаи сайёр ташкил карда шуд.
Дар ярмарка шаҳрвандон имконияти бо нархҳои арзон харид кардани маҳсулотҳои зарурии хӯроквориро соҳиб шуданд. Аз ҷумла, ба шаҳрвандон 3 тонна орд, (1 халтааш 140 ҳазор сӯм), 250 литр равғани растанӣ (5 литрӣ бо нархи 45-47 ҳазор сӯм) дастрас шуд.
Инчунин, фурӯши картошка, пиёз, сабзӣ, тухум, шакар ва маҳсулотҳои дигар низ ба роҳ монда шуд.
Чунин ярмаркаи сайёр дар маҳаллаи Найман низ ташкил гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ