Аз як шахси гирифтори коронавирус ба 46 нафар ва аз дигаре ба 52 нафар шаҳрванд беморӣ сироят кардааст

Аз як шахси гирифтори коронавирус ба 46 нафар ва аз дигаре ба 52 нафар шаҳрванд беморӣ сироят кардааст


Вазири ҳифзи тандурустӣ Алишер Шодмонов дар бораи паҳн шудани коронавирус дар Ӯзбекистон тавассути канали “Ӯзбекистон 24” гузориш дод. Аксар одамоне, ки дар хориҷа кор мекунанд, баъди бозгашт ба Ӯзбекистон аъзои оилаи худро гирифторӣ бемории коронавирус намуданд. Ба ин як қатор мисолҳо оварданамон мумкин аст. Як нафар ҳамватанамон, ки рӯзи 15-уми март аз хориҷ баргашт, ба 15 нафар ин бемориро гузаронд.
Аз шахсе, ки рӯзи 27-уми март дар Андиҷон беморӣ аниқ карда шуд, ба волидайнаш коронавирус сироят кард. Падари ӯ инчунин бемориро ба 36 ҳамкораш гузарондааст. Аз яке ҳамкорони ӯ ба 4 нафар пайвандонаш сироят кардааст. Ғайр аз он, 3 нафаре, ки бо ин бемор дар мулоқот буданд, гирифтори маризӣ шуданд. Коронавирус аз як шахс ба 46 нафар паҳн шудааст. Мутаассифона, ин беморон пас аз аён гардидани нишонаҳои беморӣ низ ба шифокорон хабар надоданд.
Як нафар бемор аз шаҳри Тошканд бо ҳамсараш ба Туркия рафта омада, ин бемории сироятиро ба 8 аъзои оилаи худ гузарондааст. Ҳоло ҳамаи онҳо табобат карда мешаванд.
Бемори дигаре аз вилояти Тошканд, сарфи назар аз сар задани нишонаҳои беморӣ дар санаи 26-уми март, тӯли 5 рӯз дар хона мондааст. Ниҳоят рӯзи 30-юми март ба шифокорон муроҷиат кард ва ӯро ба табобат гирифтем. Ҳамзамон мо маҷбур шудем беморро ба дастгоҳи ба таври сунъӣ нафасдиҳанда пайваст кунем.
Бемори дигаре аз вилояти Тошканд бо вуҷуди сулфа, табларза ва ҳатто душвор гардидани нафаскашӣ ба чор ташкилот рафтааст.
Мо маҷбур шудем ҳамаи ин ташкилотҳоро пӯшем. Аз ин бемор коронавирум ба 52 нафар сироят гардидааст.
Бемори дигар дар се ташкилот кор мекардааст. Мо маҷбур беш аз 100 нафарро зери назорат гирифтем. Бемор медонист, ки ин беморӣ сар шудааст, аммо бо вуҷуди ин бо одамон дар мулоқот мешавад.
Ин ҷиноят аст. Барқасдона ба ин миқдор одамон гузаронидани беморӣ хиёнат мебошад, гуфт Алишер Шодмонов.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ