Маргарет Харрис: дар зиёда аз 90 фоизи беморон пеш аз ҳама вараҷа ва ҳарорати беш аз 38 дараҷа ба назар мерасад

Маргарет Харрис: дар зиёда аз 90 фоизи беморон пеш аз ҳама вараҷа ва ҳарорати беш аз 38 дараҷа ба назар мерасад
  • Post category:Ҷаҳон


Яке аз нишонаҳои аввалини коронавирус ҳарорати баланди бадан мебошад. Дар ин бора намояндаи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Маргарет Харрис дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «Россия 1» изҳор намудааст.
Одамон мегӯянд, ки нимашаб дар ҳолати хирасарӣ бедор мешаванд, худро хеле бад ҳис мекунанд ва намефаҳманд, ки бо онҳо чӣ рӯй додааст»,- гуфт Харрис.
Ӯ афзуд, ки баъди ин беморон дарҳол хунук хӯрда, онҳоро табларза мегирад.
«Нишонаи аз ҳама возеҳи ин беморӣ вараҷа ва ҳарорати беш аз 38 дараҷа мебошад»,- зикр намуд номбурда.
Ба қавли ӯ, зиёда аз 90 фоизи беморон бо чунин ҳолат дучор мешаванд.
Мутобиқи маълумоти СУТ, дар тамоми дунё зиёда аз як миллион бемори COVID-19 ба қайд гирифта шуда, беш аз 57 ҳазори он фавтидаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ