Россия: дар як шабонарӯз 954 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус ошкор шуд


Дар Россия давоми шабонарӯзи гузашта 954 ҳолати нави сироятёбӣ аз навъи нави коронавируси COVID-19 ошкор шуда, шумораи онҳо ба 6343 нафар расид. Ҳамзамон шумораи беморони шифоёфта ва фавтида низ дар ин давлат афзуда, мутаносибан 406 ва 47 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Ҳамчунин дар Украина ва Арманистон низ шумораи нафарони гирифтор ба коронавирус 11-ҳолатӣ афзоиш ёфта, мутаносибан ба 1319 ва 833 нафар расид. Дар ҳарду давлат теъдоди беморони фавтида низ 1-ҳолатӣ зиёд шуда, дар Украина 38 нафар ва дар Арманистон 8 кас вафот карданд. Дар Арманистон шумораи беморони шифоёфта ба 62 нафар расида, дар Украина бетағйир – 28 нафар боқӣ мемонад.
Қаблан теъдоди мубталоён дар Россия 5389 нафар, Украина – 1308 ва Арманистон — 822 нафар буд.
Дар дигар давлатҳои ИДМ, аз ҷумла дар Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон шумораи шахсони гирифтор ба COVID-19 бетағйир боқӣ монда, мутаносибан 562, 584, 216, 864, 584 ва 390 нафарро ташкил медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ