Тедрос Гебрейесус: шумораи ҷавонони аз 20 то 40-солаи мубталои коронавирус рӯз аз рӯз меафзояд

Тедрос Гебрейесус: шумораи ҷавонони аз 20 то 40-солаи мубталои коронавирус рӯз аз рӯз меафзояд

  • Post category:Ҷаҳон


Теъдоди умумии тасдиқшудагони бемории коронавирус дар тамоми олам аз як миллион гузашт. Аз ин шумора 57 ҳазор нафар ҳалок гаштанд. Роҳбари Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ бори дигар аз тамоми кишварҳо даъват менамояд, ки бо мақсади суст намудан ё ҷилавгирӣ кардан аз авҷи коронавирус тадбирҳои назоратӣ ва пешгириро тақвият диҳанд,- хабар медиҳад Хизмати матбуоти СММ.
«Мо медонем, ки ин буҳрон на фақат соҳаи тандурустиро фаро гирифтааст, он ҳамчунин оқибатҳои амиқи иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар давраи пандемия ба бор меорад. Маҳдудиятҳое, ки дар бисёр кишварҳо барои ҳифзи саломатӣ ҷорӣ месозанд, ба манбаи даромади мардум, ба иқтисодиёти соҳаҳои гуногун ва дар маҷмӯъ ба худи давлат ҷиддан таъсир мерасонанд»,- гуфт роҳбари СУТ Тедрос Гебрейесус дар нишасти матбуотӣ дар Женева .
Ӯ афзуд, ки танҳо ғалаба бар вирус метавонад тарк намудани маҳдудиятҳо ва заиф сохтани оқибатҳои иқтисодии онҳоро имконпазир созад. Барои ба даст овардани пирӯзӣ дар ин набард чораҳои фаврии ҳамаҷониба заруранд: бояд ҳар як ҳолат ошкор ва санҷида шавад, ҳар нафари бемор дар алоҳидагӣ аз дигарон табобат ёбад, ҳамчунин муайян кардани тамоми ашхоси бо бемор алоқадошта шарти асосист.
Роҳбари СУТ бори дигар тасдиқ кард, ки гурӯҳи аз ҳама осебпазир шахсони солхӯрда ва онҳоеанд, ки бемориҳои музмин доранд. Аммо ҷавонон низ ба ин дард гирифтор мешаванд. Шумораи ҷавонони аз 20 то 40-солаи мубталои коронавирус рӯз аз рӯз меафзояд. Аксари онҳо мемиранд.
Тедрос Гебрейесус диққати ҳамагонро ба мушкилоти дигари бо пандемия дар робита ҷалб намуд. Ин хушунати хонаводагӣ нисбат ба занон ва кӯдакон мебошад. Ҳангоми карантин оилаҳо бештар дар доираи маҳдуд бо ҳам рӯз мебаранд ва бисёриҳо афсурдаҳолу асабӣ шуда, ба изтироб меафтанд. Вале, чуноне ки роҳбари СУТ мегӯяд, ин набояд сабаби ба вуҷуд омадани зӯроварӣ бишавад.
Ба ҳолати соати 12:00 ба вақти Аврупои Марказӣ, рӯзи шанбеи 4 апрел, дар 53 кишвар, ки аъзои Шӯрои аврупоии СУТ мебошанд, COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Ҳамагӣ дар минтақа 583 939 ҳолати тасдиқгаштаи сироят ва 42 348 ҳолати фавт сабт шудааст. Дар Озарбойҷон – 443 ҳолат, Арманистон — 736, Беларус- 254, Россия — 4 149, Украина — 1096, Молдова – 591, Қазоқистон- 460, Қирғизистон- 144 ва Ӯзбекистон – 241 бемор ба қайд гирифта шудаанд.
СУТ изҳор намуд, ки Комиссияи Аврупо дар мубориза алайҳи коронавирус ба шаш кишвари минтақа — Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, ҷумҳуриҳои Молдова ва Украина 30 миллион евро ҷудо кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ