Муаммоҳои иқтисодиёт дар даври пандемия

Муаммоҳои иқтисодиёт дар даври пандемия

  • Post category:Саломатӣ


Пандемияи коронавирус баробари ба миён овардани як қатор муаммоҳои нави мураккаб, имконият медиҳад, ки ба самаранокии тағйиротҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар даври нави тараққиёти дар Ӯзбекистон амалишаванда ва мустаҳкамии болишти бехатарие, ки дар асоси онҳо ташкил карда мешаванд,баҳо диҳед.
Ҳоло кӯшиш мекунем дар бораи натиҷаҳои манфии имконпазире, ки иқтисодиёти мамлакатамон метавонад дар оянда бо он рӯ ба рӯ шавад ва роҳҳои бартараф кардани ин натиҷаҳоро агар таҳдиди беруна характери номаълуми дароз муддат дошта бошад, андеша кунем.
Таҳлили вазъият дар фаъолияти сармоягузорӣ ( инвеститсионӣ) сазовори диққати махсус аст. Чунки таъминкунандаи асосии дастгоҳҳое , ки барои ташкили қувваҳои истеҳсолии нав заруранд , тармим ва бо таҷҳизоти нав таъмин кардани корхонаҳое, ки ҳоло фаъолият доранд, компанияхои Хитой мебошанд. Тасаввур кардан душвор нест , ки агар ба ҷадвали овардани таҷҳизоте, ки дар лоиҳаҳои сармоягузорӣ пешбинӣ шудаанд ва миллиардҳо доллар арзиш доранд , ба таври ҷиддӣ риоя карда нашавад ,афзоиши иқтисоди мамлакат то чи андоза суст мешавад ва пешбиниҳои роҷеъ ба ташкили ҷойҳои нави корӣ тағйир меёбанд. Ин факти ногузир аст ва мамлакати мо ба чунин вазъият таъсир расонда наметоновад. Агар фактори даври мавсимии истеҳсолотро ба ҳисоб гирем , зарарҳои иқтисодӣ аз як қатор лоиҳаҳо ба натиҷаҳои иқтисодӣ солҳои оянда метавонанд таъсири манфӣ расонанд . Дар чунин ҳолат тадбиркорон фоизҳои миллионинаи кредитҳои хориҷиро бо риоя ба нақшаи баргардонидани онҳо чи хел мепардозанд . Ба ин савол ҳоло посухҳо нестанд.
Оё баъди ба вуҷуд омадани вазъияти нав рафтори бонкҳои тиҷоратии ватанӣ, ки то ҳол бад шудани вазъи молиявии кредиторҳои худро мушоҳида мекарданд, тағир меёбанд?
( Мақоларо метавонед дар рӯзномаи»Овози Самарқанд» пурра хонед.)
И.Вафоев, иқтисодчӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ