Қазоқистон: 670 нафар гирифтори коронавирус шуд, 46 нафар шифо ёфт ва 6 нафар вафот кард

Қазоқистон: 670 нафар гирифтори коронавирус шуд, 46 нафар шифо ёфт ва 6 нафар вафот кард

  • Post category:Ҷаҳон


Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Қазоқистон ба 670 нафар расида, теъдоди беморони шифоёфта ва фавтида мутаносибан 46 ва 6 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла дар Россия 6343 ҳолат, Украина – 1 319, Молдова – 965, Арманистон – 833, Беларус – 700, Озарбойҷон – 641 ва Қирғизистон — 228 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ошкор гардид.
Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 406 нафар, Арманистон — 62, Беларус — 53, Қазоқистон — 46, Озарбойҷон — 44, Молдова — 37, Қирғизистон — 33 ва Украина – 28 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.
Дар баробари ин, дар Россия 47 ҳолат, Украина – 38, Молдова – 19, Беларус – 13, Арманистон – 8, Озарбойҷон – 7, Қазоқистон — 6, Қирғизистон — 4 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус бетағйир боқӣ монда, 367 нафарро ташкил медиҳад, ки 18 нафари онҳо шифо ёфта, 11 тани дигар вафот кардаанд.
Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 1 миллиону 347 ҳазору 235 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 74 ҳазору 767 нафар вафот карда, 286 ҳазору 95 кас шифо ёфтаанд ва 47 ҳазору 249 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ