Таъсири ваксинаҳои маъмулии сил ба бемории коронавирус муайян карда шуд

Таъсири ваксинаҳои маъмулии сил ба бемории коронавирус муайян карда шуд

  • Post category:Саломатӣ


Гурӯҳи эпидемиологҳои Донишгоҳи Техас дар ИМА муайян карданд, ки ҳолатҳои бемории коронавирус дар кишварҳое, ки ба тадбирҳои эмгузаронии сил амал мекунанд, нисбати мамлакатҳое, ки ба ин тадбир амал намекунанд, 10 маротиба камтар дида мешавад.
Дар ин бора, нашри The IrishTimes ба тадқиқотҳои эпидемиологҳо такя намуда, хабар дод.
Олимон дар давоми таҳлил дар 178 давлат дараҷаи вафоткунӣ аз коронавис ва мавҷуд будани ваксинаи силро муқоиса намуданд.
“Дар тӯли 15 рӯз, ҳолатҳои бемории каронавирус дар кишварҳое, ки ба тадбирҳои ваксинаи эмкунии сил амал мекунанд ба 1 миллион нафар ҷамъ 38 нафар, дар мамлакатҳое, ки ба ин тадбир амал намекунанд, ба 1 миллион нафар 358 нафар ба қайд гирифта шудааст. Сатҳи марг дар кишварҳое, ки ба тадбирҳои ваксинаи эмкунии сил амал мекунанд, ба 1 миллион нафар 4,28 нафар, дар мамлакатҳое, ки ба ин тадбир амал намекунанд, ба 1 миллион нафар 40 нафарро ташкил мекунад”, — гуфтааст яке аз олимон Пол Хегарти.
Таъкид гардидааст, ки тадқиқот аз ҳар ҷиҳат статистикӣ буда, як қатор шартҳои иловагӣ дорад, зеро омилҳое вуҷуд дорад, ки тафсири натиҷаи онро душвор мекунад. Агар ба гуфтаи Хегарти мутахассисон бо мақсади кам кардани эҳтимолияти хатогиҳо статистикаи бемории коронавирусро дар давлатҳо мушоҳида намуда, онҳоро муқоиса кардаанд.
“Мо ба ин гуна фарқияти калон нигарон набудем”, — гуфтааст олим.
Чанде пеш як эпидемиологи амрикоӣ низ ҳамин гуна тадқиқот гузаронида, алоқамандии байни марг аз коронавируси давлатҳои гуногун ва дар ин давлатҳо то чӣ қадар вақт ва то чӣ андоза истифода шудани ваксинаҳои силро муайян кардааст. Маълум гардидааст, ки ваксинаҳои сил сатҳи гирифтории вирусро коҳиш медиҳад. Олимон чунин мешуморанд, ки сатҳи пасти марг ва беморӣ метавонад ин ваксинаҳоро яке аз воситаҳои асосии мубориза бар зидди коронавирус гардонад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ