Дар бораи ӯзбекистониҳое, ки дар хориҷа бо бемории коронавирус сироят ёфтаанд маълумот дода шуд

Дар бораи ӯзбекистониҳое, ки дар хориҷа бо бемории коронавирус сироят ёфтаанд маълумот дода шуд


То 7-уми апрел ба 23 нафар ӯзбекистонӣ дар 9 кишвари дунё бемории коронавирус ташхис монда шудааст.
Котиби матбуоти вазири корҳои хориҷӣ Авазбек Ҳоҷиметов дар бораи айни замон ӯзбекистониҳое, ки дар хориҷа бо бемории коронавирус сироят ёфтаанд, маълумот дод.
“Ҳолатҳои эпидемия дар байни шаҳрвандонамон, ки дар хориҷа ҳастанд низ вуҷуд дорад. Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда, дар Австрия (1), Арманистон (1), ИМА (10), АМА (1), Ҷумҳурияти Корея (1), Покистон (5), Россия (1), Таиланд (1), Қазоқистон (2) ҷамъ ба 23 нафар шаҳрвандонамон ин беморӣ ташхис монда шудааст, ки 3 нафари онҳо вафот карданд”.
Ҳоҷиметов ҳамчунин, эътироф кард, ки имрӯзҳо ӯзбекистониёне, ки дар хориҷаанд дар бобати мубориза бар зидди коронавирус дар мамлакат кӯмаки моддӣ мерасонанд.
“Дар чунин як давраи санҷишӣ ҳамватанони мо дар хориҷа ба Хазинаи ҷамоатии “Ӯзбекистон меҳр-шафқат ва саломатлик” маблағи зиёд ҷудо карданд. Мо барои чунин амалҳои онҳо миннатдории худро изҳор менамоем.”

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ