Вазорати мудофиа: ба воҳима ва сарусадоҳои беҳуда набояд роҳ дод


Пас аз дар шаҳри Тошканд ҷорӣ ҷорӣ гардидани карантин ва як қатор маҳдудиятҳо аз рӯйи амал кардани шаҳрвандон ба қоидаҳо ӣо техникаи низомӣ корҳои тарғиботӣ гузаронида мешавад. Пӯшида нест, ки ин усулҳо боиси дар байни мардум пайдо гардидани як қатор воҳимаҳо ва сарусадоҳои беасос мешавад. Мақсад аз истифодаи таҷҳизоти низомӣ дар вақти карантин чист?
«Интиқоли садои ZS-82 дар асоси мошини зиреҳи БРДМ-2, ки ба ин кор ҷалб шудааст, айнан барои корҳои тарғиботӣ ва мунозираҳо пешбинӣ шудааст», — гуфт котиби матбуоти Вазорати мудофиа Баҳром Зулфиқоров.
Таъкид гардид, ки қобилияти интиқоли садои он то 6 км мерасад. Бо мақсади осонтар кардани кор бобати ворид шудан ба ҳар як кӯча ва маҳаллаҳои истиқоматии шаҳр аз ин техникаҳо истифода бурда мешавад.
«Барои дар байни мардум паҳн гардидани воҳима ва саросемагиҳо набояд роҳ дод. Аз ин рӯ, дар кӯчаҳо ҳаракат кардани техникаи ҳарбӣ ва хизматчиёни артиши миллиро набояд нодуруст фаҳмид ва суханони беҳударо ба миён овард”, — гуфт Б.Зулфиқоров дар рафти брифинге, ки дар Агентии коммуникатсияҳои оммавии ахбор доир гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ