Россия: дар 24 соат 1154 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус аниқ гардид

Россия: дар 24 соат 1154 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус аниқ гардид
  • Post category:Ҷаҳон


Дар Россия давоми шабонарӯзи гузашта 1 154 ҳолати нави сироятёбӣ аз навъи нави коронавируси COVID-19, дар Украина – 143, Арманистон — 20 ошкор шуда, шумораи онҳо дар ин давлатҳо мутаносибан ба 7 497, 1 462, 853 нафар расид. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Қаблан теъдоди мубталоён дар Россия 6343 нафар, Украина – 1319, Арманистон – 833 нафар буд.
Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба ҷуз аз Тоҷикистон ва Туркманистон, ки дар онҳо то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта нашудааст, шумораи гирифторон бетағйир боқӣ монда, дар Молдова 965 нафар, Беларус – 700, Озарбойҷон – 641, Қазоқистон — 670 ва Қирғизистон — 228 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон дар баробари зиёдшавии гирифторон дар ҳамаи ин давлатҳо афзоиши шумораи беморони шифоёфта низ ба назар мерасад. Масалан, то имрӯз дар Россия 494 нафар, Арманистон — 87, Беларус — 53, Қазоқистон — 47, Озарбойҷон — 44, Молдова — 37, Қирғизистон — 33, Ӯзбекистон – 30 ва Украина – 28 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.
Илова бар ин, дар Россия 58 ҳолат, Украина – 45, Молдова – 21, Беларус – 13, Арманистон – 8, Озарбойҷон – 7, Қазоқистон — 6, Қирғизистон — 4 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи мубталоён ба коронавирус 56 нафар зиёд шуда, 423 нафарро ташкил медиҳад, ки 18 каси онҳо шифо ёфта, 11 тани дигар вафот кардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ