Хизмати ахбори Садорати вилоятии тандурустӣ: Дар Самарқанд аввалин бемори сирояти коронавирус муайян карда шуд

Хизмати ахбори Садорати вилоятии тандурустӣ: Дар Самарқанд аввалин бемори сирояти коронавирус муайян карда шуд

Бори аввал дар вилояти Самарқанд як беморе бо сирояти коронавирус муайян карда шуд. Як сокини вилояти Самарқанд бо дарди гулӯ ва таби баланд ба клиникаи ҳудудии худ муроҷиат мекунад.

Беморро дар натиҷаи азназаргузаронии тиббӣ ӯро бо сабаби табларза ба изолятор бурданд ва ба лабораторияи вирусологии Маркази вилоятии назорати санитарӣ эпидемиологӣ фиристоданд.

Таҳлили вирусологӣ натиҷаи мусбиро барои сирояти COVID-19 дар бемор нишон дод. Натиҷаҳои ин таҳлил барои тасдиқ ба Агентии ҷумҳуриявии Маркази санитарӣ эпидемологӣ фиристода шуданд.

Дар асоси натиҷаҳои лаборатория, бемор дар ҳолати фавқулодда дар қутии алоҳида дар Беморхонаи касалиҳои сирояткунанда ҷойгир карда шуд. Шаҳрвандоне, ки бо бемор дар тамос буданд, ба беморхонаи вилоятӣ оварда шуданд.

То ин вақт, шаҳрвандони таҳти назорати карантинӣ дар беморхонаи вилоятии сироятӣ фавран ба муассисаи дигар интиқол дода шуда буданд.

Айни замон бемор мувофиқи стандартҳои муқарраршуда табобат карда мешавад. Аҳволи ӯ хуб аст.

Садорати тандурустии вилоят аз шаҳрвандони мо хоҳиш менамояд, ки қоидаҳои карантинро риоя кунанд ва аз хона нараванд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷамъ нашаванд, ба гигиенаи шахсӣ риоя кунанд.

Ёдовар мешавем, ки шумораи умумии шаҳрвандони карантинӣ дар Самарқанд то имрӯз 3 913 нафарро ташкил медиҳад. Аз инҳо, 1191 нафар дар шароити статсионарӣ назорат карда мешавад

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ