Барои пешгирии ин беморӣ, ҳар як шаҳрванд бояд ба тавсияҳои зерин риоя кунад:

✅ Пеш аз ҳама, ҳангоми банақшагирӣ ба хориҷа, аз ҷузъиёти пурраи вазъи эпидемия дар ҷаҳон огоҳ шавед!

✅ Иштирокро дар чорабиниҳои оммавӣ то ҳадди имкон маҳдуд кунед!

✅ Дастонро зуд-зуд шуста, бо собун тоза кунед ва аз маҳсулотҳои безараргардонӣ истифода баред!

✅ Шустани дастони кӯдаконатонро мунтазам назорат кунед!

✅ Бо дасти ифлос ба рӯи худ нарасед!

✅ Ҳангоми хӯронӣ ва нигоҳубини сагҳо ба қоидаҳои гигиена қатъиян риоя кунед!

✅ Вақте ки шумо дар назди одамон сулфа мекунед даҳону биниро бо рӯймолча ё оринҷ маҳкам кунед!

✅ Аз одамоне, ки нишонаҳои зуком доранд, рӯ ба рӯ нашавед.

✅ Асосан хӯрокҳои пухта бихӯред, гӯшт ва маҳсулоти ширӣ, ки шумо мехӯред, хуб пухта шавад!

✅ Дар сурати таб кардан, сулфа ва душвор нафаскашӣ фавран ба духтур муроҷиат кунед!

‼ ️ Муҳимтар аз ҳама риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ аст!

Агар шумо дар бораи сирояти коронавируси COVID-19 саволҳои иловагӣ дошта бошед метавонед ба рақами боварии 1003 занг занед.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ