Маркази хайрия дар расонидани ёрӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманд фаъолияти худро сар кард


Маркази мувофиқгардонии хайриявии Садорати ҳифзи оила ва маҳаллаҳои вилоят маҳсулотҳои, ки таҳти сарпарастии ҳомиён ҷамъ мешавад, ба оилаҳои эҳтиёҷманд тақсимоти худро сар кард.
Маҳсулотҳо мувофиқи талабот аз назорати санитариву гигиенӣ гузаронда, бо тартиб тақсим ва то манзилашон расонида мешавад. То инҷониб 1миллиард сӯм маблағ ҷамъ шуд — мегӯяд роҳбари хизмати ахбори Садорати ҳифзи оила ва маҳаллаҳои вилоят Шералӣ Искандаров.
Ба марказ 60 тонна, 9 намуди маҳсулот оварда шуд. Дар марказ фаъолияти ,,Call-Sentr» ба роҳ монда шуда, оилаҳои эҳтиёҷманд метавонанд ба рақами кӯтоҳи «1197» занг зананд.
Инчунин, муроҷиатҳои инсонҳои саховатпешаро қабул карда мешавад. То ҳол ба марказ зиёда аз 700 то муроҷиат омадааст.
Манбаъ: zarnews

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ