Ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон чӣ гуна тағйироту иловаҳо ворид карда шуд?


Дар ҷамъомади умумии сеюми Сенати Олий Маҷлис Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба кодексҳои ҷиноӣ, мурофиавии ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ» маъқул дониста шуд.

Сарвари давлат ба қонун 26 марти соли 2020 имзо кард. 27 март қонун дар матбуот интишор шуд ва эътибор пайдо кард.

Дар айни замон, сирояти коронавирус барои тамоми ҷаҳон таҳдиди ҷиддӣ дорад. Дар мамлакати мо барои рафъи ин таҳдид тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Вобаста ба ин, ба қонун тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шуданд.

Моддаи 244-5 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Паҳн кардани иттилооти бардурӯғ оид ба паҳншавии карантин ва дигар сироятҳое, ки ба одамон хавфноканд» номида мешавад.

Дар моддаи 257-1 ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории санитарӣ ё қоидаҳои мубориза бар зидди эпидемия, аз ҷумла бесабаб  дар шароити пайдо шудан ва паҳншавии инфексияҳои карантинӣ ва дигари барои ҳаёти инсон хавфнок иҷро нанамудани талабот оиди гузаштан аз назорати тиббӣ, муолиҷа, омадан ба ҷойҳое, ки таҳти убури карантин пешбинӣ шудаанд  ва тарк нанамудани ин ҷойҳо дар давраи муайян, ифшои маълумот дар бораи шахсоне, ки бо онҳо тамос гирифта шуда буд ва ҷойҳои боздид дар вақти хатари сироят, инчунин дигар талаботи қонунии мақомоти назорати давлатии санитарӣ, ки барои ҳифз аз таҳдиди воқеии бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамон нигаронда шудааст, муайян шудаанд.

Бо мақсади пурзӯр гардондани ҷавобгарии ҷиноӣ дар қисми 3-юми модда мӯҳлати ҷазо дар намуди маҳрумият аз озодӣ аз 5 то 8 сол ба мӯҳлати аз 7 то 10 сол иваз карда шудааст.

Тағйироти мазкур бо мақсади пешгирии беасос ба ваҳима наафтидан оиди  карантин дар байни аҳолӣ, таъмини бехатарии ҷамъиятӣ, фароҳам овардани шароит барои фаъолияти мўътадили идораҳои дахлдор, иҷрои пурраи кор дар ин самт ва баланд бардоштани масъулият ворид карда шудаанд.

Мувофиқи Қонун ба Кодекси ҷавобгарии маъмурии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст.

Дар кодекси мавҷуда заминаи ҳуқуқии истифодаи чораҳои маҷбурии тиббӣ нисбати шахсоне, ки қоидаҳои беҳдошти санитарӣ ё ки мубориза бар зидди эпидемияро ҳатто бо нишондодҳои кофӣ дар бораи дар ин шахс мавҷуд будани аломатҳо ё ки эҳтимолияти беморшавӣ вайрон кардааст, инъикос наёфта буданд.

Тағйирот имкон медиҳад, ки шахсеро, ки қоидаҳои санитарӣ ва мубориза бар зидди эпидемияро, ки ҳоло сабаби паҳншавии ин беморӣ мегардад, вайрон кардааст, аз ҷамъият дур кунад ва ба табобати маҷбурӣ фиристад.

Бо мақсади пешгирии сӯиистифода дар шароити бехатар қоидаҳои татбиқи ин чорабиниҳо дар шароити пайдоиш ва паҳншавии карантин ва дигар сироятҳое, ки ба одамон хавфнок мебошанд, боби 3-и Кодекс, ки «Ҷазои маъмурӣ ва чораҳои маҷбуркунӣ» номида шудааст ва бо моддаи 292 пурра карда шудааст.

Ҷанбаи дигар: дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шароити пайдоиш ва паҳншавии карантин ва дигар сироятҳое, ки ба одамон хавфноканд, бидуни ниқоб қарор доштан бо ҷарима ҷазо дода мешавад.

Инчунин вайрон кардани қоидаҳои ҳатмии бо мақсади пешгирии пайдоиш ё паҳншавии сирояти карантинӣ ва дигар сироятҳои хатарнок барои одамон муқарраршуда, риоя накардан ба тартиботи дохилии муассисаи тиббӣ ва бесабаб риоя накардан ба талабот оид ба гузаштан аз назорати тиббӣ ва табобат, омадан ба ҷойҳои барои карантин муайяншуда ва дар мӯҳлати муқарраршуда тарк нанамудани ин ҷойҳо, ифшои маълумот дар бораи шахсоне, ки бо онҳо тамос гирифта шуда буд ва ҷойҳои ташриф дар вақти хатари пайдоиши ин беморӣ, инчунин талаботи дигари қонунии мақомоти назорати давлатии санитарӣ бо ҷарима муқаррар карда мешавад.

Тибқи қонун, ба мақомоти  корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Гвардияи миллӣ ваколат дода шудааст, ки шахсонеро, ки қоидаҳои мубориза бар зидди эпидемияро вайрон мекунанд, ба таври маъмурӣ ҳабс кунанд.

Эътибор пайдо кардани қонун дар пешгирии паҳншавии пандемия, ки ба мушкилоти глобалӣ дар тамоми ҷаҳон табдил ёфтааст, нақши муҳим мебозад.

Шуҳрат ЧУЛЛИЕВ, муовини раиси Кумитаи оид ба масъалаҳои суду ҳуқуқ ва мубориза бо коррупсияи Сенати Олий Маҷлис.

ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ