Аз 1-уми апрел талаботи ҳатмӣ дар бораи аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ворид намудани пешпардохт барои газ ва нерӯи барқ 30 фоиз кам карда шуд

Аз 1-уми апрел талаботи ҳатмӣ дар бораи аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ворид намудани пешпардохт барои газ ва нерӯи барқ 30 фоиз кам карда шуд

Пандемияи коронавирус, ки қариб тамоми сайёраро фаро гирифтааст, мутаассифона, барои кишвари мо ҳам хатари ҷиддӣ дорад.

Аммо мо набояд хавотир кашем, зеро давлат ба мардум ғамхорӣ карданро ба зимма гирифтааст. Дар чунин вазъе, ки имрӯз ҳукмрон аст, на ҳамаи давлатҳо метавонад ҳифзи иҷтимоии одамонро таъмин ва ба соҳибкорон ҳама гуна имтиёзҳоро фароҳам оранд.

Фармони Президент Шавкат Мирзиёев «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии аҳолӣ, бахшҳои иқтисодиёт ва субъектҳои соҳибкорӣ дар давраи пандемияи коронавирус» аз 3 апрели соли 2020 мисоли равшани ғамхории давлат нисбати мардум дар мамлакати мо мебошад.

– Фармон чораҳои таъмини субот дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, дастгирии тиҷорати хурд ва соҳибкории хусусиро пешбинӣ менамояд, –  гуфт раиси Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон Адҳам Икромов. – Фармон меъёри сифрии боҷҳои гумрукӣ ва андози аксизро барои  гӯшт, шир, равған, намудҳои алоҳидаи маҳсулоти гигиенӣ муайян кард. Таваҷҷӯҳи махсус ба соҳаи туризм дода шуда, соҳибкорон аз пардохти андози замин, шахсони ҳуқуқӣ — андози амвол озод карда шуданд.

Пешбинӣ шудааст, ки дар давраи аз 1 апрел то 31 декабри соли 2020 операторон ва агентиҳои сайёҳӣ ва субъектҳои соҳаи сайёҳӣ, ки хидмати меҳмонхонавӣ мерасонанд,  (хизматҳо оид ба ҷойгиркунӣ), ҶС «Uzbekistan Airways»  ва воҳидҳои сохтории он, ҶС «Uzbekistan Airports» аз андози замин ва андоз аз амволи шахсони ҳуқуқӣ озод карда мешаванд. Ин корхонаҳо андози иҷтимоиро бинобар ставкаи кам дар ҳаҷми 1 фоиз пардохт мекунанд.

– Озодкунӣ аз пардохти баъзе намудҳои андозҳо ва пешниҳоди имтиёзҳои андози иҷтимоӣ бинобар ставкаи пасти 1 фоиз ба соҳибкорон кӯмаки калон аст – мегӯяд роҳбари агентии сайёҳӣ Дилмурод Собиров. – Ба фикрам, ин, албатта, ба дастгирии соҳибкорон дар ин замони душвор мусоидат хоҳад кард.

Дар фармон инчунин пешбинӣ шудааст, ки супорандагони андоз аз арзиши иловагӣ, ки гардиши молҳои (хизматрасониҳои) онҳо дар як моҳ аз 1 миллиард сӯм зиёд нест ва ҳисоб–фактураҳои электронӣ истифода менамоянд, ҳуқуқ доранд андоз аз арзиши иловагиро дар ҳар семоҳа ҳисоб ва пардохт намояд. Тартиби татбиқ намудани ставкаҳои баландшудаи андози молу мулк ва андози заминро нисбати майдонҳои истеҳсолии истифоданамешуда, биноҳои ғайриистиқоматӣ, аз ҷумла объектҳое, ки то 1 апрели соли 2020 муайян шудаанд, инчунин фоизҳо ва ҷаримаҳо ва андешидани чораҳои маҷбурии ситондани қарзҳое, ки ҳангоми истифодаи ставкаҳои баландкардашуда бинобар андозҳои зикргардида ба миён омадаанд, боздошта мешаванд.

– Мо аз он дар хавотир будем, ки ширкати мо, ки дар он 150 нафар кор мекунад, дар давраи карантин масъалаҳои қарз ва сармоягузориро чӣ гуна ҳал менамояд, аммо мувофиқи  фармони Президент ба ҳамаи ин масъалаҳо равшанӣ андохта шуданд, – гуфт соҳибкор Алишер Ҳайдаров. – Шахсан ман 500 ҳазор доллар қарз дорам. Бо шарофати фармон мӯҳлатҳои пардохт дароз карда шуданд.

Мувофиқи Фармон ҳисобкунии маблағи муқарраршудаи андози даромади шахсони ҷисмонӣ ва андози иҷтимоӣ барои соҳибкорони инфиродие, ки ноилоҷ фаъолияти худро дар давраи чораҳои карантинӣ бидуни зарурати пешниҳоди шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, бо огоҳкунии хадамоти андоз дар бораи боздоштани фаъолияти тавассути кабинети шахсии андозсупоранда қатъ намудаанд, мавқуф гузошта мешавад.

Дар айни ҳол барои шахсони ҳуқуқӣ  тартиби пешпардохти садфоиза барои  истифодаи газ ва барқ ​​амал мекунад. Тибқи фармон, аз 1 апрели соли 2020 талаботи ҳатмӣ дар бораи аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ворид намудани пешпардохт барои газ ва нерӯи барқ ​​30 фоиз кам карда мешавад.

Дар фармон муайян шудааст, ки дар давраи то 1 октябри соли 2020 аз ҷониби Бунёди давлатии дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ: кафолатҳо барои қарзҳое, ки ба субъектҳои соҳибкорӣ бо таърихи мусбати қарзӣ барои пурра кардани маблағҳои гардон ба андозаи то 75 фоизи ҳисобшудаи маблағи қарз (ба ҷои 50 фоизи қаблӣ), аммо на бештар аз 10 миллиард сӯм, новобаста аз шумораи лоиҳаҳо дода шудаанд; ҷуброн барори пӯшондани хароҷоти фоизӣ аз рӯи қарзҳое, к

и ба субъектҳои соҳибкорӣ бо асъори миллӣ барои пуррра кардани маблағҳои гардон бо ставкаи фоизӣ, ки аз миқдори асосии ставкаи 1,75 баробари Бонки марказӣ баланд намебошад, бо нигоҳ доштани миқдори муқарраршудаи қуброн дода мешаванд, пешниҳод мегарданд.

Маҳдудият барои аз ҷониби фонди давлатӣ ба як қарзгир ҳамзамон пешниҳод намудани  кафолат ва ҷуброн бекор карда мешавад.

Тибқи фармон Бонки марказӣ барои фароҳам овардани шароит ва соддагардонии тартибот барои аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ додани таъхир дар пардохти қарзҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, соҳибкорони инфиродӣ, ки бо мушкилоти молиявӣ дучор шудаанд, истифода набурдани чораҳои ҷарима ва ҷазо барои таъминоти гарав оид ба вомҳои таъхирёфтаи қарзгирандагон, ки барои фаъолияти онҳо тартиботи карантин таъсири манфӣ расондааст, то 1 октябри соли 2020 чораҳо андешида мешаванд.

– Дар фармон ҳаллу фасли ҳамаи мушкилоти мавҷуда ва эҳтимолии марбут ба маҳдудиятҳои дар фаъолияти соҳибкорӣ ба муносибати коронавирус ҷоригардида инъикос ёфтааст – гуфт сардори раёсати Агентии оид ба идоракунии активҳои давлатӣ  Ҷамолиддин Қудратов. – Тадбирҳои дар фармони Президент пешбинишуда саривақтӣ мебошанд ва ба барқарор намудани иқтисодиёт пас аз барҳам додани пандемия таъсири мусбат мерасонанд.

М. ҚОСИМОВА, мухбири ӮзА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ