Меҳру муҳаббат табибу ҳабиби мо бошад… албатта, сирояти каронавирусро мағлуб месозем

Меҳру муҳаббат табибу ҳабиби мо бошад… албатта, сирояти каронавирусро мағлуб месозем

Ҳангоми мушоҳидаи вазъияти имрӯза, гӯё мо хобему ин ҳама гуфту шуниду диданиҳоямонро хоб мебинем. Аммо чӣ ҷойи руст кардан аст, ки ҳамаи ин ҳақиқат аст. Сирояти коронавирус вабои асрест, ки имрӯз ба сари инсоният ҳамла мекунад. Ҳоло тамоми мардуми рӯйи дунё аз сабаби босуръат паҳн шудани ин вируси тоҷдор азият мекашанд.
Аз азал халқи меҳнаткаши мо сабру субот ва иродаи мустаҳками худро давои ҳамаи мушкиливу кушояндаи гиреҳҳои зиндагӣ мешуморад. Охир, мо ворисони халқем, ки як майизро 40 нафар чашидаем… Имрӯз боз вақте расидааст, ки сабру таҳаммули худро аз санҷиш гузаронем. Гӯё Парвардигори олам имтиҳоне мекунад, ки неку бадро фарқ карда, хатову камбудиҳоямонро ислоҳ созем. Аммо бо вуҷуди ин нафарони «корчаллон» низ ёфт мешаванд, ки савобу гуноҳи худро дар як сӯ гузоштаанду аз чунин як рӯзи сахт истифода бурда, аз пайи пур кардани кисаи худ шудаанд. Дар ин бора, бевосита рӯзҳои аввали эълон шудани карантин (15-уми марти соли 2020) ба хотир мерасад. Мардум аз ин эълон ба воҳима афтода саросемавор сӯйи бозору мағозаҳои хӯрокворӣ шитофтанд. Гӯё дар сари ҳама як фикр чарх мезад, ҳангоми карантин маҳсулотҳои хӯрокворӣ камчин мешаваду нархҳо тағйир меёбанд. Албатта, аз ин фурсат, яъне зиёд шудани талаби аҳолӣ истифода бурда, баъзе «соҳибкорон» як навъ нарху наворо бардоштанд ҳам. Инчунин, ёфт шуданд боз нафароне, ки байни халқ ҳар гуна миш-­мишҳои бардурӯғро паҳн карда ба дили одамон ғулғула андозанд…Ҳатто кор ба дараҷае расид, ки дар дорухонаҳо ниқобу воситаҳои антисептикӣ (аз ин пеш қиматашон он қадар баланд набуд) камёб гаштанд, ёфт шаванд, ки бо нархи баланд фурӯхта шуданд.
Рӯзи дигар 18-уми марти соли 2020 Президенти мамлакат дар оғози ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба масъалаҳои маҳалла ва оила оиди муаммоҳои коронавирус ҳарф зад. Дар ҷамъомад дар бораи андешида шудани чораву тадбирҳои зарурӣ нисбати болоравии нарху навои маҳсулотҳои хӯрокворӣ ва эҳтиёҷоти дигари рӯзмарра истода, масъулони соҳаро вазифадор намуд, ки корҳоро дар ин самт пурзӯр намоянд.
Албатта баъд аз ин фаъолияти бозорҳову мағозаҳои хӯрокворӣ зери назорати қатъӣ гирифта шуд.
Ҳоло дар сартосари мамлакат ҳолати карантини қатъӣ ҷорӣ гардидааст. Амалӣ он бошад аз ҷониби кормандони соҳаи корҳои дохилӣ ва вакилони ташкилотҳои дигари муттасаддӣ зери назорат гирифта шудааст. Тавассути шабакаҳои интернетӣ ва оинаи нилгун мушоҳида мекунем, ки баъзе аз шаҳрвандонамон ин қоидаҳои карантиниро вайрон мекунанд. Вақте ки сарвари давлатамон бехавфии саломатии ҳар яки мо – халқи худро дар назар дошта, қарорҳои дахлдор имзо мекунанд, мо бояд бо сабру субот ба меҳрубонии Президент ҷавоби муносиб гардонем. Ҳоло аз мо танҳо дар хона монда бо тарбияи фарзандон ва парвариши пиронсолони оила машғул шудан талаб карда мешаваду халос. Агар ҳамаи мо меҳру оқибат ва сабрро пешаи асосии худ дониста, бо боварӣ сӯйи ояндаи дурахшон қадам монем, ин гуна мушкилуву бемориҳоро паси сар мекунем. Зеро, тақдири мо ҳамеша дар эътибори сарвари давлат ва шифокорони фидоии касби худ қарор дорад. Аз ин рӯ, мо набояд ҳаросем, ки моро сирояти каронавирус мағлуб месозад. Бинобар ин, ба ҳамаи Шумо азизони дил гуфтаниям, ки илтимос, ДАР ХОНА БИМОНЕД!

Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ