Намак дар комҳои мо нахоҳем чун заҳр гардад ё чизе, арзон аст, магар бо хок яксон аст!?

Намак дар комҳои мо нахоҳем чун заҳр гардад ё чизе, арзон аст, магар бо хок яксон аст!?

Агар роҳатон ба бозори деҳқонии Сиёб афтад, албатта ба тарафи дӯконҳое, ки дар паҳлӯи истгоҳи нақлиёти шафати бозори деҳқонӣ ҷойгиранд, гузаред. Дар ин ҷо фурӯшандагон бо савдои маҳсулоти хӯрокворӣ машғуланд. Вақте ки аз пеши дӯконҳо мегузаред, чашматон ба бастаҳои намак меафтад, ки дар замин парешон хобидаанд. Шумо барои тамошои ин манзараи дилхиракунанда вақти дилхоҳ рафтанатон мумкин аст. Чунки чор фаслу дувоздаҳ моҳ, новобаста аз сармои зимистон, боришоти баҳорон, гармои тобистон ва шамолу тӯфони фасли хазон ин бастаҳои намак дар зери барфу борон меистанд. Дар асл чунин ҳолро на танҳо дар бозори Сиёб, балки дар дигар бозор ва мағозаҳои савдоӣ низ мушоҳида кардан мумкин. Камина қариб ҳар рӯз аз бозори деҳқонии Сиёб мегузарам. Чанд маротиба бо фурӯшандагон сӯҳбат карда, таъкид кардам, ки зери по кардани намак убол аст. «Дар дӯкон ҷой нест. Ин қадар намакро кӣ ҳар рӯз дароварда, мебарорад», гуфтанд дар ҷавоб.
Рӯзи 19-уми ферали соли ҷорӣ ба кор меомадам. Ҳаво сард буд. Шаб барф борида, болои пачкаҳои намак барфпӯш буданд. Ин ҳолро дида, ба ҳоли харидороне, ки онҳоро харид карда, истеъмол мекунанд, дилам сӯхт. Дар ниҳод андешидам, ки наход бо ин неъмати муборак, ки барои хуштаъму лазиз шудани таом зарур аст ва дар қадим чун «тиллои сафед» медонистанд, чунин рафтор кунанд. Фурӯшандагони лоқайду бепарво, истеҳсолкунандагони беғаму бедард ва бадтар аз ҳама мутасаддиёни бозор ва кормандони Маркази давлатии назорати санитариву эпидемиологии вилоят чаро ба ин беэътиборанд? Наход харидоре ёфт намешавад, ки «чаро намакро дар замин партофтед?» гӯяд. Оё чунин рафтори фурӯшандагон ба таркиби намак ягон таъсир намерасонад?

Одам бояд ҳар рӯз чӣ қадар намаки ош қабул кунад?

Намаки ош (хлориди натрий) як навъ моддаи беранги кристаллӣ буда, муҳимтарин маҳсулоти хӯрокворӣ ба шумор меравад. Намаки ош хӯрокро хуштаъм мекунад. Таоми бенамакро тасаввур кардан худ боиси дар рӯйи забон эҳсос гардидани таъми ногувор мешавад. Инчунин, намак барои кори мӯътадили организм зарур аст. Чунки он на танҳо мазаи таомро беҳтар мекунад, балки миқдори оби бофтаҳоро дар меъёр нигоҳ медорад. Организми одам бояд ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 10-15 грамм намаки ош қабул кунад.
Мувофиқи маълумоти мутахассисон мизоҷи намаки талх дар дараҷаи дуввум гарм ва дар сеюм хушк аст. Агар намак чӣ қадар талхтар бошад, мизоҷаш ҳамон қадар гарм мегардад.
Намакро аз ҷиҳати сифат ба 4 навъ ҷудо мекунанд: экстра, аъло, якум ва дуюм.

Дар пакети намак бояд чӣ гуна маълумотҳо бошад?

Имрӯз аксари дӯконҳои шаҳри Самарқанд (аҷаб нест дӯконҳои ноҳияҳо ҳам) аз тарафи соҳибкорони самарқандӣ бо намаки ош таъмин мегарданд. Дар Самарқанд Ҷамъиятҳои маҳдудмасъулияти «Хуршеда Усмонова ширинликлари», «KRISTALL-TUZ», «BEK BARAKA OMAD NUR» ва дигар корхонаҳои хусусӣ бо истеҳсоли намаки ош машғуланд.
Дар ҳамин марвид савол ба миён меояд: оё корхона ва ташкилотҳое, ки бо истеҳсоли намак сарукор доранд, ба меъёрҳои муқаррарии истеҳсолот риоя мекунанд? Онҳо дар асоси чӣ гуна талабҳо намак мебароранд? Дар пакети намаке, ки пешкаши харидор мегардад, бояд чӣ гуна маълумотҳо навишта шавад? Оё истеҳсолкунандагон дар раванди кор ба ин ҷиҳати масъала эътибор медиҳанд?
– Ҳар як маҳсулоте, ки истеҳсол мегардад, дар он дар бораи товар маълумотҳои зарурӣ навишта мешавад, – гуфт мутахассиси Маркази давлатии назорати санитариву эпидемиологии вилоят А. Аҳроров. – Дар пачка, пакет, халта ё қуттие, ки намак меандозанд, бояд дар бораи номи ташкилоти истеҳсолкунанда, нишони товар, ном, навъ, майдагии маҳсулот, вазн, санаи истеҳсол, номи ҳуҷҷати нормативӣ, муддати истеъмолӣ, номи иловаи йодкунонӣ, ҳиссаи йод, навиштаҷоти «O’zbekistonda ishlab chiqarilgan» (дар маҳсулоте, ки барои фурӯш дар ҳудуди Ҷумҳурияти Ӯзбекис­тон истеҳсол шудааст), навиштаҷоти «Made in Uzbekistan» (барои маҳсулоти содиротӣ) навишта мешавад.
Мутаассифона, ҳангоми аз назар гузаронидани навиштаҷоти намакҳо, ки дар бозор ва мағозаҳо мефурӯшанд, вайрон гардидани талаботи муқарриро мушоҳида кардем. Яке аз камбудиҳои муҳиме, ки ба назар расид, ин нишон

надодани санаи истеҳсоли маҳсулот буд. Дар аксари онҳо муддати истеъмолӣ як сол муқаррар шудааст, аммо санаи истеҳсол нест. Савол: харидор аз куҷо медонад, ки намак кай ба бозор бароварда шуд? Муддати истеъмоли он гузаштааст ё не? Наход соҳибкорон ҳангоми хариди маҳсулот ба санаи тавлиди маҳсулот эътибор надиҳанд? Ё аз хариди чунин маҳсулот онҳо ягон манфиат доранд? Харидорон ба ин масъала аз чӣ сабаб эътибор намедиҳанд?

Обу ҳаво ба намак чӣ гуна таъсир мерасонад?

Дар пакети намак зикр гардидааст, ки дар ҷойи хушк ва торик нигоҳ дошта шавад. Намии нисбии ҳаво набояд аз 75 фоиз зиёд бошад.
Аммо дар аксар мағозаҳо намакро дар берун мегузоранд, ки ба ягон меъёри тозагӣ ва тарзи дурусти нигоҳдории маҳсулот мувофиқ нест. Магар истеҳсолкунандагон ҳангоми фурӯши маҳсулот ба соҳибкорон дар бораи тарзи нигоҳдории намак маълумот намедиҳанд?
– Мо бо тадбиркорон шартнома имзо карда, ба онҳо маҳсулот мерасонем ва дар бораи тартиби нигоҳдорӣ маълумот медиҳем, – мегӯяд сардори Ҷамъияти маҳдудмасъулияти «BEK BARAKA OMAD NUR» Ҷ. Фузайлов. – Ҳатто ба чанд нафар соҳибкорон тахтаҳои махсус додем, то дар поёни намак гузоранд. Аммо онҳо мутобиқи хоҳиши худ мефурӯшанд. Лекин ҳаминро бояд гӯям, ки ин ба таркиби намак таъсири манфӣ намерасонад.

Саволи барҳақ ба миён меояд: агар обу ҳаво ба таркиби намак зарар надорад, пас навиштаҷоти «дар ҷойи торик ва хушк нигоҳ дошта шавад» чӣ гуна маъноро ифода мекунад?

Вақте ки аз рӯйи ин савол ба кормандони Маркази давлатии назорати эпидемиологиву санитарии вилоят дар Бозори деҳқонии Сиёб муроҷиат кардем, гуфтанд, ки намнокии ҳаво ба йоднокии намак таъсир мерасонад. Дар зарфҳои махсус нигоҳ доштани намак ҳатмист. Шуои офтоб низ ба йод таъсири манфӣ дорад ва муҳлати истифодаи намаки йоднок як сол мебошад. Агар намак дар зери барфу борон монад, таркиби он вайрон мешавад ва йоднокӣ кам мегардад, ки ин ба оқибатҳои сангин мерасонад. Савол: кам гардидани йоднокии таркиби намак чӣ гуна оқибатҳо дорад?

Норасоии йод боиси камақлӣ мегардад

– Бемории норасоии йод яке аз масъалаи муҳими ташкилотҳои ҳифзи тандурустии мамлакатҳои ҷаҳон ба шумор меравад, – гуфт мутахассиси Маркази давлатии назорати санитариву эпидемиологии вилоят А. Аҳроров. – Мувофиқи маълумоти Созмони ҳифзи тандурустии умумҷаҳонӣ, дар аз се як ҳиссаи аҳолии рӯйи Замин хатари ривоҷёбии чунин беморӣ, яъне норасоии йод мавҷуд аст. Дар саросари ҷаҳон беш аз 700 миллион одам аз норасоии йод азият мекашанд, дар беш аз 50 миллион одамон аз сабаби ин беморӣ заифии ақлӣ мушоҳида мегардад.
Назар ба маълумоти диспансери эндокринологияи вилоят дар Самарқанд 36541 нафар беморони касалии ҷоғар (бӯқоқ) дар рӯйхат меистанд. 29858 нафари онҳоро занон ташкил мекунанд.
Назар ба маълумоти мутахассисони соҳа йод яке аз элементҳои ба инсон чун об, ғизо ва витаминҳо зарур буда, норасоии йод дар ҷисми инсон боиси хуруҷи бемории ҷоғар, хасташавии зиёд, арақкунӣ, пастшавии қобилияти фикрронӣ ва азхудкунӣ дар хониш, камақлӣ, қадпастии кӯдак, асабоният, дилтангӣ, пастшавии қобилияти биниш ва шунавоӣ, тавлиди тифли мурда, вайроншавии кори дил, дарди сар, бемадорӣ, сустшавии қобилияти меҳнатӣ, нафастангӣ, дилзанӣ, инчунин вайроншавии давраи ҳайзи занон мегардад.
Тибқи маълумоти Созмони умумҷаҳонии тандурустӣ имрӯз дар олам тақрибан 19 миллион нафар гирифтори бемории ноқисулақлианд, ки он ҳам натиҷаи норасоии йод дар организми одам аст. Ба ҳамин монанд, 200 миллион нафар гирифтори бемориҳои асаб ва теъдоди зиёд мубталои бемории ғадудҳои сипаршакл мебошанд. Дар навбати худ, камйодии занони ҳомила боиси бачапартоӣ шуда метавонад.
Яке аз роҳҳои асосӣ ва самарбахши кам кардани бемориҳои камйодӣ ин беҳтар кардани ҳолати истеҳсол ва истеъмоли намаки йоднокшуда ва дуруст нигоҳ доштани он мебошад.

Ба ҷойи хулоса
Ҳоло ба кадом шифохона наравем, дар пушти дари шифокор навбати дурударозро мебинем. Яке аз дил шикоят кунад, дигаре аз вайронии асаб, саввумӣ мегӯяд, ки хотирааш суст шудааст. Ашёеро дар ҷое гузорад, пас аз андак аз ҳар тараф мекобад. Бо ду-­се нафар солхӯрдагон нишинем, мегӯянд, ки пештар бачаҳо кам бемор мешуданд. Имрӯз акси ин. Ҷавонон ҳама парешонхотиру асаба

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ