Машғулоти дӯстдоштаи адиб — ҷамъоварии қошуқҳо

Машғулоти дӯстдоштаи адиб — ҷамъоварии қошуқҳо


Калимаи «бобо» бо вуҷуди оддӣ, содда, ҳамафаҳму дилнишин будан, унвони калону мӯътабар аст. Вале барои ба ин номи муборак соҳиб шудан мебояд бисёр меҳнат кард, умри пурбаракот дид ва обрӯманд шуд.
Китоби нави адиби тавоно ва номдор Нусрат Раҳмат чоп шуду ҳамроҳи муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Гулобод тонги» Нормурод Каримзода барои табрик роҳи гузари Кӯтармаи ноҳияи Самарқандро пеш гирифтем.
Ба тангкӯчаи устод ворид гашта, бо иштибоҳ ба дигар манзил расидем.
– Дар назди хонаи ӯ дарахти тут буд, – ба чор тараф зеҳн монда гуфт Нормурод. – Боре омада онро зери чашм гирифта будам. Хотира фиреб медиҳад.
Аҷибаш дар он буд, ки дар назди чанд ҳавлӣ дарахти тут месабзид, аммо кадомаш манзили устод Нусрат Раҳмат надонистем. Мошини мо деҳаро се маротиба давр зад. Хушбахтона дар як гӯшаи маҳалла ҷавоне, ки нақлиёташро таъмир мекард, аз мақсади мо воқиф гашта:
– Ҳа, фаҳмо, ба шумо Нусратбобо, нависанда лозим, – гуфт ва роҳро фаҳмонд.
Адиби бузург – мусоҳиби хоксор
Дарро ҳамсари устод – муаллима, Аълочии таълими халқ Рухсорахола Шарофова кушод ва ба дарун даъват намуд. Нусратбобо дар курсии нарму гарм нишаста, саргарми мутолиа будааст. Соҳибхона дар як нафас дастархон орост.
Адиби серқирра устод Нусрат Раҳмат 3-юми июли соли 1941 дар деҳаи Қӯшмасҷид таваллуд ёфта, пас аз хатми мактаб шомили Донишкадаи давлатии кишоварзии Самарқанд шудааст.
Пас аз хатми боргоҳи таълимӣ муҳаббат ба журналистика ӯро ба идораи рӯзномаи «Ленин йӯли» (ҳоло «Зарафшон») овард. Сипас, дар рӯзномаҳои «Қишлоқ ҳақиқати», «Ӯзбекистон адабиёти ва санъати», нашриёти «Меҳнат» дар ӯхдадориҳои гуногун адои вазифа кард.
Аз ҳикоя – то роман
Нахустин китобчаи ӯ «Агар табиатни севсангиз» («Агар табиатро дӯст доред») соли 1975 нашр шуд. Сипас, қариб бист номгӯй асарҳо навишт ва дар байни мухлисон маҳбубият пайдо намуд. Воқеан, «Насиҳат ба фарзанд» ном китоби вай ҳашт маротиба рӯйи чопро дид. Чанде пеш «Ҷадид» ном романи ин нависандаи соҳибравия чоп шуд, ки ба рӯзгори маърифатпарвар Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ бахшида шудааст. Аҷибаш дар он, ки китоб дар жанри ғайриқолабӣ ва услуби нав эҷод шуда, муаллиф онро «Ҳикояҳо аз рӯзгори Беҳбудӣ» номидааст. «Қаҳрамони ман Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ҳамагӣ 44 сол умр дид, – навиштааст дар дебоча муаллиф. – Аммо ӯ тавонист дар ин муддати кӯтоҳ бо озодандешӣ ва даъват ба илму маърифат ҳамчун шахси таърихӣ ба худ ҳайкал гузорад.
Ин олими маърифатпарвар соли 1919 ҳангоми азми сафар ба Маккаву Мадина дар шаҳри Қаршӣ ваҳшиёна кушта шуд. Ғайр аз ин, солҳои тӯлонӣ бо тамғаи «душмани халқ» номаш сиёҳ буд…»
Дар омади гап таъкид кардан бамаврид аст, ки Нусрат Раҳмат барои абадӣ кардани номи ин маърифатпарвари бебоку дурандеш хизмати шоён кардааст. Бо талош ва давутози зиёди ӯ Маркази ҳудудии бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони таълими халқи вилоят номи Беҳбудиро гирифт ва муҷассама, ки мебоист дар майдони Регистон ҷой гирад, дар ҳавлии донишкада бо хайрхоҳии собиқ директори он Азиз Аминов (ҷояш дар ҷаннат шавад!) гузошта шуд.
Ҳар сол дар зодрӯзи маърифатпарвар назди муҷассамаи ӯ бо иштироки аҳли фарҳанг гузаронидани анҷумани бошукӯҳ ба ҳукми анъана даромадааст.
– Аз сарвари давлатамон бениҳоят хурсандам, ки дар Муроҷиатнома ба Олий Маҷлис 145-солагии Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ тантанавор ҷашн гирифта шавад, гуфтанд, – сӯҳбатро идома дод муаллифи романи «Ҷадид». – Умед аст, ки барои абадӣ гардидани номи ин марди шарифу доно корҳои ибратбахш ба анҷом мерасад.
– Устод, ба чӣ хотир асар «Ҷадид» ном гирифт?
– Маънои калимаи «ҷадид» «навин» аст. Вале ин ибораро миссионерон ва мутаассибон ба мақсади таҳқир истифода бурдаанд. Ба назарам, бо гузашти айём ин калима ба маънои аслии худ омад.
– Ҳангоми мутолиаи китоб истифодаи самарабахши калимаҳои тоҷикиро шоҳид гардидем.
– Дуруст гуфтед. Қаҳрамони ман Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар гузари тоҷикнишини Бахштеппа чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Агар шумо асарҳои ӯро варақ занед, ҷумлаҳояш бо туркии қадима ва форсӣ фаровон омехтаанд. Камина низ ба забони тоҷикӣ озод ҳарф зада, китобҳоро мутолиа намоям ҳам, аммо бобати ба ин забон чизе навиштан меҳаросам. Ба забон беэътиноӣ кардан гуноҳи ази

м. Воқеан, асари аллома «Пирӯзнома»-и Ибн Синоро аз тоҷикӣ ба ӯзбекӣ тарҷима кардам. Асарҳои устод Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев ва дигаронро роҳат карда мехонам.
– Чӣ сабаб шуд, ки шумо аз маърифатпарварони самарқандӣ маҳз Маҳмудхоҷа Беҳбудиро интихоб намудед?
– Солҳои донишҷӯӣ кадом як китоби Маҳмуд­хоҷа Беҳбудӣ ба дастам афтод. Онро бо шавқ мутолиа намудам. Дертар ба ҳаёт ва фаъолияти серпаҳлӯ ва фоҷиаангези ӯ шинос шуда ҳурматам ба вай афзуд. Шояд аз ҳамин сабаб, ғайр аз омӯхтани зиндагиномаи ин марди шарифу бузург, маърифатпарвари пешқадами замони худ, яке аз аввалин журналисти маҳаллӣ, драманавис, забондон, мутарҷим, муаллим, муҳаррир, яъне ҷадиди пешқадам пардохтам. Ҳатто ба ин хотир ба Туркия, Боку, Русия ва дигар кишварҳои ҷаҳон сафар намудам, ки ин марди бедорфикр рафтааст.
Кӯрдилони аз маърифат дур ӯро «кофир», «бехудо» гуфта асир гирифтанд ва бо фармони Амир Олимхон ҳамроҳи ду нафар дӯстонаш Ҳамроҳқул ва Мардонқул Ҷомӣ куштанд.
Эҳтимол шумо хабардор ҳастед, ки дигар маърифатпарварони самарқандӣ, аз ҷумла бечора Шакурӣ дар маҳбаси Тошканд ҷон ба ҷонофарин супурд, ки то имрӯз ҳеҷ кас намедонад қабри вай дар куҷост?! Ҳоҷӣ Муин дар бешазори Русия нобуд шуд. Саидризо Ализода дар маҳбаси шаҳри Николаев соли 1945 аз беморӣ вафот кард.
Тақдири Ҳамза, Аҷзӣ ва дигарон, ки қурбони ҷаҳолат шудаанд, номаълум аст. Канӣ ҷавон бошем, ё Худо умри дароз, саломатӣ диҳад, ки ман зиндагиномаи онҳоро омӯзам, китоб нависам.
Ана инро «хоббӣ» мегӯянд!
Синни адиби серкору пурғайрат устод Нусрат Раҳмат ба 80 наздик аст, вале бо вуҷуди он хеле серташвиш буда, чанд хел «хоббӣ» – машғулияти хосса дорад. Масалан, ҷамъ овардани «аслиҳа»-и хӯрокхӯрии мардуми олам – қошуқҳо, инчунин, боғбонӣ, гулпарварӣ, ҷону дили вай аст. Дар ҳавлиаш, саҳеҳтараш дар эҷодхонаи ӯ қариб 200 намуди қошуқҳо бо дид, дар гурӯҳҳои алоҳида – вобаста ба қитъаҳои дунё гузошта шудаанд, ки беихтиёр диққати тамошобинро ба худ мекашад.
– Қошуқсозӣ ҳам санъат аст, – таваҷҷӯҳи моёнро мушоҳидакунон гуфт Нусратбобо. – Бинед, ки ҳар як кишвар ва халқи ҷаҳон чумчаҳои аҷибу нотакрор доранд. Афсӯс, дар Самарқанд, аз он ҷумла Ӯзбекистону Тоҷикистон ба ҷои қошуқҳои чӯбин, алюминӣ ё пластмассаи якмаротибаинаро истифода мебаранд. Гузаштагони мо аз дарахти тут ё чормағз қошуқ метарошиданд, ки бо он ҳатто илики устухонро афшондан мумкин буд.
Ҳангоми сафар ба шаҳри Тифлис қошуқеро харидам, – гӯён вай қошуқеро нишон дод, ки як тарафаш чумча, тарафи дигараш чангак дошт. Шояд ҳозир чунин нусха дар Гурҷистон набошад. Қошуқи ҳазорсоларо аз давлати Исроил овардаам. Соҳибхона бо ифтихор боз як қошуқро ба даст гирифта, гуфт, ки тӯҳфа аз адиби машҳур Чингиз Айтматов аст.
– Солҳои таҳсил дар Маскав вохӯрӣ бо нависандаи номдори қирғиз Чингиз Айтматов доир гардид, – гуфт Н. Раҳмат. – Китобам «Ман аз редаксия»-ро ба ӯ тақдим намудам.
Аз байн чанд вақт гузашту сардабири рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» Анвар Ҷӯрабоев аз Бишкек тӯҳфа оварда гуфт, ки ин аз Чингиз Айтматов аст. Маълум шуд, ки Анварака ба Чингиз Айтматов доир ба «хоббӣ»-и ман нақл карда, бар ивазаш ин чумчаро гирифтааст.
– Ба шумоён як ҳақиқатро гуфтан ҳам қарз ҳам фарз, – дар анҷоми сӯҳбат иброз дошт Нусратбобо. – Дар ҳаёт ба чӣ комёб шуда бошам, он хизмати ҳамсарам Рухсорабону аст. Ҳар ду дар шоҳроҳи зиндагӣ бисёр ранҷ кашидем, лекин онҳоро мардона паси сар кардем ва ҳоло чолу кампир гашти пирӣ меронем. Фарзандон – Улуғбек, Моҳинабону, Дилафрӯз, Мирзо, Фирӯз ва қариб 20 нафар набераву абера олам-­олам хурсандӣ меоваранд.
Сӯҳбат бо ин марди дарёдил, меҳмондӯст ва аз ҳама муҳимаш адиби бисёрқирраи рангинхаёл хеле тӯл кашид. Бо дилкашолӣ «то боздид!» гӯён хайрухуш намудем ва гуфтем, ки «сӯҳбат боқӣ, Нусратбобо!».
Зоҳир Ҳасанзода

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ