COVID-19: вазъият дар ҷаҳон чӣ гуна аст?


Дар ИМА шумораи шахсони гирифтор ба намуди нави коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 33 331 нафар зиёд шуда, дар маҷмӯъ ба 400412 нафар расид. Аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дар ҷои аввал қарор дорад. Ҳамчунин шумораи беморони шифоёфта ва фавтида дар Иёлоти Муттаҳида мутаносибан 21674 нафар ва 12854 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Мувофиқи маълумоти СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 1 миллиону 431 ҳазору 706 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 82 ҳазору 80 нафар вафот карда, 302 ҳазору 150 кас шифо ёфтаанд ва 47 ҳазору 894 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ба ҷуз аз ИМА ҳамчунин Испания (141 942 нафар), Италия (135 586), Франсия (109 069), Германия (107 663), Чин (81 802), Эрон (62 589), Британияи Кабир (55 242), Туркия (34 109) ва Швейтсария (22 253) дохил мешаванд.
Аз ҳама бештар дар Чин — 77 279 нафар, Испания – 43 208, Германия – 36 081, Эрон – 27 039, Италия – 24 392, ИМА – 21 674, Франсия – 19 337, Швейтсария – 8 704, Кореяи Ҷанубӣ – 6 776 ва Белгия – 4 157 нафар беморон шифо ёфтаанд.
Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (17 127 нафар), Испания (14 045), ИМА (12 854), Франсия (10 328), Британияи Кабир (6 159), Эрон (3 872), Чин (3 333), Нидерланд (2 101), Белгия (2 035) ва Германия (1 810) дохил мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ