Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: 13954 нафар гирифтори коронавирус шуд, 860 шифо ёфт, 166 нафар вафот карданд

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: 13954 нафар гирифтори коронавирус шуд, 860 шифо ёфт, 166 нафар вафот карданд

  • Post category:Саломатӣ


Шумораи умумии гирифторони коронавирус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 1508 нафар ва дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба 13954 кас расид. Ҳамчунин шумораи шифоёфтагон дар Осиёи Марказӣ ба 114 нафар ва фавтидагон ба 12 кас расида, ин нишондодҳо дар ИДМ мутаносибан 860 ва 166 нафарро ташкил медиҳанд. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.
Ба ҳолати 8 апрел дар кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки аъзои ИДМ низ мебошанд, шумораи мубталоён ба коронавирус мутаносибан 704, 534 ва 270 нафарро ташкил медиҳад.
Дар дигар давлатҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла дар Россия 7 497 ҳолат, Украина – 1 462, Молдова – 1 056, Беларус – 861, Арманистон – 853 ва Озарбойҷон – 717 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.
Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 494 нафар, Арманистон — 87, Беларус — 54, Қазоқистон — 51, Озарбойҷон — 44, Молдова — 40, Қирғизистон — 33, Ӯзбекистон – 30 ва Украина – 28 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.
Дар баробари ин, дар Россия 58 ҳолат, Украина – 45, Молдова – 22, Беларус – 13, Арманистон – 8, Озарбойҷон – 8, Қазоқистон — 6, Қирғизистон – 4 ва Ӯзбекистон — 2 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус тасдиқ гардид.
То имрӯз миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус бетағйир боқӣ монда, 423 нафарро ташкил медиҳад, ки 18 нафари онҳо шифо ёфта, 14 тани дигар вафот кардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ