Дар Ӯзбекистон зиёда аз 60 ҳазор нафар, таҳлили тест супорид

Дар Ӯзбекистон зиёда аз 60 ҳазор нафар, таҳлили тест супорид

Бино бар ҳолати санаи 7 уми апрел дар миқёси Ӯзбекистон 61666 кас аз таҳлили тест гузаштанд. Дар ин бора Саринспектори давлатии санитарию эпидемиологӣ Нурмат Отабеков дар брифинг маълум намуд.
Ғайр аз ин дар мамлакат 5800 кас аз таҳлили лабораторӣ гузаштааст. Таҳлили лабораторӣ дар дигар ҳудудҳо низ ба амал оварда мешавад.
Тибқи хабарҳо, то 6 уми апрел дар Ӯзбекистон 83 695 кас дар шароити карантин нигоҳ дошта шудааст. Аз онҳо 67 ҳазортоашон дар шароити карантини хонагӣ ва зиёда аз 21 ҳазор нафарашон дар ҳудудҳои муассисаҳои тиббии махсус дар ҳолати статсионар нигоҳ дошта шудааст.


Манбаъ: kunuz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ