Вазъият дар Испания: дар як шабонаруз 4748 ҳолати нави сироят ошкор шуд

Вазъият дар Испания: дар як шабонаруз 4748 ҳолати нави сироят ошкор шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Дар Испания нисбат ба Италия сироятёбӣ бештар аст. Дар он 146690 ҳолат тасдиқ шудааст. Давоми рӯз дар Испания 4748 ҳолати нав ошкор шуда, шумораи умумии фавтидагон 14555 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба навъи нави коронавируси COVID-19 ба 1 миллиону 446 ҳазору 983 нафар расид. Теъдоди фавтидагон аз 83 ҳазор нафар гузашта, шумораи беморони шифоёфта беш аз 308 ҳазор нафар гардид. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти нави СУТ, дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷои аввал қарор дорад, 400549 ҳолат тасдиқ шудааст. Имрӯз дар ИМА 214 ҳолати нав ошкор шуда, теъдоди фавтидагон 12 857 нафарро ташкил медиҳад.
Дар Италия шумораи мубталоён 135 ҳазору 586 нафар ва теъдоди фавтидагон 17 ҳазору 523 нафар мебошад. Дар Франсия 109 ҳазору 69 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 10 328 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар Германия теъдоди мубталоён 107 663 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 2 016 мебошад.
Дар Чин 81 ҳазору 802 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, давоми рӯз ҳамагӣ 62 ҳолати нав ошкор гардид. Дар кишваре, ки дар он ин беморӣ хуруҷ кард, 3333 нафар вафот кардаанд. Дар Чин давоми рӯз ду ҳолати фавт ба қайд гирифта шуд.
Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 67 ҳазору 268 нафарро ташкил дода, аз онҳо 4 ҳазору 3 нафар вафот кардаанд. Теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 55 ҳазору 242 нафар ва дар Туркия – 34 ҳазору 109 нафар мебошад. Миёни давлатҳои Аврупо афзоиши шумораи мубталоён дар Белгия низ ба назар мерасад. Давоми рӯз дар ин давлат 1209 ҳолати нав ба қайд гирифта шуда, шумораи умумии мубталоён дар он 23 ҳазору 403 нафарро ташкил медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ