Коронавирус: дар Дубай хонадоршавӣ ва талоқ манъ карда шуд


Суди оила дар Дубай, дар кишвари Амороти Муттаҳидаи Араб эълом кард, ки сабти асноди марбут ба талоқ ва издивоҷ дар ин аморат бо ҳадафи мубориза бо коронавирус ва ҳифзи саломати муроҷиакунандагон ва коркунон то иттилои баъдӣ мамнӯъ аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.
Холид Алҳавсанӣ, раиси суди хонавода дар Дубай гуфт, мамнӯияти ин кор боиси ҷамъ накардани одамон дар маросим ва ҷашнҳои марбут ба издивоҷ ва ё талоқ мешавад.
Тибқи эъломи расмии АМА, то кунун 2076 нафар дар ин кишвар ба коронавирус мубтало шудаанд, ки то кунун 11 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ